Нақзи оташбас дар минтақаи Қара‌боғ
(last modified Sun, 13 Dec 2020 08:25:21 GMT )
Декабр 13, 2020 13:25 Asia/Dushanbe
  • Русия аз тарафҳои арманӣ ва озарӣ хост то оташбасро риоят кунанд
    Русия аз тарафҳои арманӣ ва озарӣ хост то оташбасро риоят кунанд

Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, ки барои нахустин бор аз замони поёни ҷанг дар минтақаи Қарабоғ ва оғози амалиёти сулҳбонии Русия дар минтақа, оташбас дар ин минтақа нақз шудааст.

Ба гузориши ИРНА, вазорати дифои Русия пас аз тирандозиҳои пароканда дар минтақаи Гадрут дар Қарабоғ аз тарафҳои арманӣ ва ҷумҳурии Озарбойҷон хост то оташбасро риоят кунанд.

Дар ин баёния таъкид шудааст, ки нерӯҳои сулҳбони Русия дар минтақаи Қарабоғ ба анҷоми вазоифи худ идома медиҳанд ва дар 23 маҳал истиқрори дидабонии сулҳбонони русӣ дар Қарабоғ назорати шабонарӯзӣ барои кантроли оташбас барқарор аст.

Вазорати дифои Арманистон имрӯз аз пешравии нерӯҳои ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷануби Қарабоғ ба сӯи рӯстоҳои минтақаи Годрут, ки кантроли он ба Озарбойҷон вогузор шудааст, хабар дод.

Нерӯҳои озарбойҷонӣ, ки кантроли минтақаи Годрутро дар даст гирифтаанд ба иллати ҳузури шуморе аз нерӯҳои арманӣ ҳанӯз натавонистаанд дар ду рӯстои воқеъ дар ин минтақа ҳузур ёбанд.

Даргири‌ҳои низомӣ миёни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон бар сари муноқишаи Қарабоғ пас аз кушта ва захмӣ шудани ҳазорон нафар 9 ноябри имсол бо имзои баёнияи сеҷоинибаи ҷумҳурии Озарбойҷону Русия ва Арманистон поён ёфт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: