Маҳбӯбтарин номи духтарона дар ҷумҳурии Озарбойҷон чист?
(last modified Sun, 13 Dec 2020 12:36:27 GMT )
Декабр 13, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Пас аз Заҳро, Зайнаб ва Марям маҳбӯбтарин номҳо дар Озарбойҷон ҳастанд
    Пас аз Заҳро, Зайнаб ва Марям маҳбӯбтарин номҳо дар Озарбойҷон ҳастанд

Хонаводаҳо дар ҷумҳӯрии Озарбойҷон номи Заҳроро маҳбӯбтарин ном барои духтарони худ ме‌донанд.

Ба гузориши хабрагузории Садо ва симо, Вазорати додгустарии ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард: Дар ёздаҳ моҳи гузашта интихоби номи Заҳро дар миёни навзодони духтар бештарини фаровонӣ ва рутбаи аввалро дошта ва пас аз Заҳро, Зайнаб ва Марям маҳбӯбтарин номҳои духтар дар ин кишвар аст.

Ҳамчунин бар асоси эъломи ин вазоратхона дар ин муддат ҳазору 898 навзоди духтар ба номи Заҳро ва ҳазору 518 нафар ҳам ба номи Зайнаб номгузорӣ шудаанд.

Дар панҷ соли гузашта ҳам дар миёни навзодони духтару писари ҷумҳӯрии Озарбойҷон номи Заҳро бо беш аз 12 ҳазору 600 интихоб ва Юсуф бо 13 ҳазор интихоб ва пас аз он Алӣ бештарин  маҳбӯбияту фаровониро дар миёни мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон дорад.