Идомаи интиқодҳо аз изҳороти муовин Ғанӣ дар бораи шиакушии Толибон
Муовини дувуми Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон аз иқдоми муовини раисҷумҳур, ки ҳушдори Толибон дар бораи шиакуширо бознашр карда буд интиқод кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово, Асадуллоҳ Саодатӣ дар вокуниш ба изҳороти муовини аввали Раиси ҷумҳурии Афғонистон амруллоҳ Солеҳ гуфт: "Ин навъ изҳорот дар фазои умумӣ, навъи ҷанги равонӣ алайҳи шиаёни Афғонистон аст."
Муовини дувуми Шӯрои Олии мусолиҳаи миллии Афғонистон афзуд: "Яке аз аҳдофи меҳварии терроризм, эҷолди фазои тарс ва ваҳшат аз тариқи ҳамалоти хунбор ва пахши паёмҳои тарсовар миёни мардуми ом ва дар сатҳи афкори умумӣ аст."
Раҳбари ҳизби ваҳдати исломии мардуми Афғонистон Муҳаммад Муҳаққиқ низ дар вокуниш ба изҳороти муовини аввали раёсати Ҷумҳурии Афғонистон гуфт: "Риояти шиакушии Толибони ДИИШ дар Кобул аз забони як масъули баландпояи давлатӣ фазои ноамнии равониро алайҳи ҷомеаи шиаҳо ташдид мекунад."
Шоҳҳусейн Муртазавӣ, мушовири фарҳангии раисҷумҳури Афғонистон дар вокуниш ба ин изҳорот гуфт, ки ДИИШ ва Толибон душмани башарият ва Афғонистон ҳастанд ва набояд дар иттилоърасонӣ ба шиаҳаросӣ доман бизанем.
Бештар бихонед: