Эъломи теъдоди дақиқи донишомӯзони рабудашуда дар Нигерия
(last modified Mon, 14 Dec 2020 11:28:16 GMT )
Декабр 14, 2020 16:28 Asia/Dushanbe
  • Террористҳои Боко Ҳаром то имрӯз дар Нигерия садҳо донишомӯзро рабудаанд
    Террористҳои Боко Ҳаром то имрӯз дар Нигерия садҳо донишомӯзро рабудаанд

Мақомоти маҳаллӣ дар Нигерия шумораи донишомӯзони рабудашуда ба дасти мардони мусаллаҳро 333 нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи телевизионии Франс 24, Амину Белло Масари Aminu Bello Masari, губернатори Нигерия эълом кард, мардони мусаллаҳ рӯзи ҷумъаи гузашта соати 21:40 ба вақти маҳаллӣ дар як мактаби миёнаи давлатӣ дар деҳаи Канкараи иёлати Катсина дар Нигерия ҳамла карданд ва 333 донишомӯзонро савор бар мошин карда ба ҳамроҳи худ бурданд.

Гуфта  мешавад теъдоде аз донишомӯзон муваффақ шуданд фирор кунанд.

Яке аз мушовирони раёсати ҷумҳурии Нигерия дар гуфтугӯ бо телевизиюни давлатии Нигерия эълом кард маҳалли истиқрори ин афроди мусаллаҳ дар ҷангале дар ҳамон ҳаволии Канкара шиносоӣ шудааст.

Дар феврали соли 2018 ҳам 110 донишомӯзи духтар дар шимоли шарқи Нигерия рабудаи шуданд.

Як моҳи баъд 101 тан аз рабудашудагон баъд аз музокироти байнидавлатии Нигерия бо террористҳои вобаста ба ДИИШ, бозгардонда шуданд.

Дар соли 2014 ҳам дар ҳамлаи мушобеҳ , беш аз 200 духтари донишомӯз аз мактабе дар Чибуки Chibouk Нигерия рабуда шуданд.

Гурӯҳи террористии Боко Ҳаром, ки бо ДИИШ байъат кардааст дар баёнияе ба волидайни донишомӯзон ҳушдор дода, ки дигар духтарони худро ба мактаб нафиристанд.

 

Бештар бихонед: