Амрико ҳадафи бузургтарин ҳамлаи сайберӣ қарор гирифт
(last modified Mon, 14 Dec 2020 13:22:46 GMT )
Декабр 14, 2020 18:22 Asia/Dushanbe
  • Бархе расонаҳо дар Амрико Русияро масъули ин ҳамлаи сойберӣ медонанд
    Бархе расонаҳо дар Амрико Русияро масъули ин ҳамлаи сойберӣ медонанд

Вазорати хазонадорӣ ва бозаргонии Амрико ҳадафи ҳамлаи сайберӣ қарор гирифтааст, ки рӯзномаи Ню-Йорк Таймс онро аз печидатарин ва шояд бузургтарин ҳамалоти сайберӣ дар панҷ соли ахир донистааст.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс бо ишора ба нуфузи ҳакерҳо дар сомонаи эмейли Вазорати хазонадориву бозаргонӣ ва низ Ожонси амнияти сайберии Вазорати амнияти дохилии Амрико эълом кард, ки ангезаи ин ҳамлаи сайберӣ ҳамчунон номушаххас аст.

Шуморе аз дигар ожонсҳои муртабит бо амнияти миллии Амрико низ таҳти таъсири ин ҳамалоти сайберӣ қарор гирифтаанд, ҳарчанд мушаххас нест, ки ин шабакаҳо дарои иттилооти табақабандишудаи бисёр болое будаанд ё не.

Хабаргузории Ройтерс низ дар гузориши худ муддаӣ шуд, ки як гурӯҳи ҳакерии печида бо ҳимояти як давлати хориҷӣ, иттилооти Вазорати хазонадории Амрико ва як созмони амрикоии масъул дар сиёсатҳои интернетӣ ва иртибототиро дуздӣ кардааст.

Ин ҳамлаи сайберӣ боис шуд то нишасти изтирории Шӯрои амнияти миллӣ дар Кохи Сафед баргузор шавад.

Бархе расонаҳо дар Амрико Русияро масъули ин ҳамлаи сайберӣ медонанд ва ин дар ҳоле аст, ки Сафорати Русия дар Вашингтон ин иттиҳомро рад кардааст.

Созмонҳои иттилоотии Амрико нигарон ҳастанд, ҳакерҳое ки Вазорати хазонадории ин кишварро ҳадаф қарор додаанд, мумкин аст аз абзори мушобеҳ барои нуфуз ба дигар созмонҳои амрикоӣ истифода карда бошанд.

 

Бештар бихонед: