Декабр 15, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Мақосами амрикоӣ: Эрон, Русия ва Чин масъули ҳамлаҳои  кибернетикии пешрафта зидди Амрико
    Мақосами амрикоӣ: Эрон, Русия ва Чин масъули ҳамлаҳои кибернетикии пешрафта зидди Амрико

Мақомоти Амрико гуфтанд, ки хакерҳо рӯзи душанбе ба системаҳои иртиботи дохилии Вазорати амнияти дохилии Амрико дастрасӣ пайдо кардаанд.

Ба гузориши Ройтерс, бар асоси ин гузориш, эҳтимол меравад ин ҳакерҳо барои давлати Русияи кор мекунанд.

Вазорати амнияти дохилии Амрико, масъули амнияти марзҳо, амнияти кибернетикӣ ва ҳамчунин тавзеъи амни ваксинаи корона аст.

 

Раиси Комитети иттилоотии маҷлиси намояндагони Амрико Адам Шифф ( Adam Schiff ), пас аз интишори ин хабар дар баёнияе муддаӣ шуд Эрон, Русия ва Чин ҳамалоти кибернетикии пешрафта алайҳи Амрикоро анҷом додаанд. 

Давлати Амрико, рӯзи якшанбе 13 декабр низ эълом кард пас аз интишори гузоришҳои расонаӣ дар бораи ҳамалоти кибернетикии як давлати хориҷӣ, ки сайти вазорати хазонадории Амрико ва вазорати бозаргонии ин кишварро ҳадаф қарор дода буд, дар ҳолати омодабош қарор гирифтааст.

Рӯзномаи Вашингтон пост, гузориш додааст,  ки ин ҳамлаи кибернетикиро ҳакерҳои давлати Русия анҷом додаанд.

Дар муқобил, сафорати Русия дар Вашингтон иддаои дасти доштани ин кишвар дар ҳамлаи кибернетикӣ ба хазонаи дории Амрикоро такзиб кард.

Мақомоти амрикоӣ, ҳамвора бидуни ироаи ҳеч санаде бархе кишварҳо, аз ҷумла Эрон, Русия ва Чинро ба унвони масъули ҳамалоти кибернетикӣ дар хоки Амрико муаррифӣ кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп