Ҳамлаи сайберӣ; ин бор ба "Пентагон"
(last modified Wed, 16 Dec 2020 05:26:55 GMT )
Декабр 16, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи сайберӣ; ин бор ба \\\
    Ҳамлаи сайберӣ; ин бор ба \\\"Пентагон\\\"

Дар идомаи ҳамалоти сайберӣ ба созмонҳои давлатӣ дар Амрико, Вазорат Мудофиаи ин кишвар "Пентагон" низ бо ҳамлаи хакерҳо мувоҷиҳа шуд.

Ба гузориши рӯзномаи Ню-Йорк Таймз, Вазорати Мудофиаи Амрико "Пентагон" низ дар мавҷи ҳамалоти сайберии чанд рӯзи ахир ҳадаф қарор гирифта ва хакерҳо иттилооти ин вазоратхонаро ба сирқат бурдаанд.

Вазорати Мудофиаи Амрико ва Вазорати умури хориҷаи ин кишвар низ байни созмонҳое буданд, ки чанд рӯз пеш дар ҳамлаи сайберӣ (киберӣ ) рахна карда буданд. 

Мақомоти аршади Пентагон, низ дар гузорише эълом карданд, ки душманони ин кишвар қодиранд ба таври мустақим пойгоҳҳои низомии Амрикоро ҳадаф қарор диҳанд

Тиме аз хакерҳо, ки ба иддаои мақомоти амрикоӣ, барои давлати Русия кор мекунанд тавонистаанд ба иртибототи дохилии Вазорати амнияти дохилии Амрико дастрасӣ пайдо кунанд.

Ин нуфуз бахше аз ҳамлаи сайберӣ аст, ки рӯзи якшанбе Вазорати хазонадорӣ ва тиҷорати Амрикоро низ ҳадаф қарор дода буд.

Сафорати Русия дар Вашингтон, иддаои мақомоти амрикоӣ дар мавриди хакерҳои рус ба созмонҳои давлатии Амрикоро такзиб карда ва ин иддаоро ғайривоқеӣ хондааст.

Бештар бихонед: