Ҷон Болтон: Трамп мисли ҳаббаи қанд дар чой, маҳв мешавад
Мушовири собиқи амнияти миллии Амрико пешбинӣ кард, раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар аз сафҳаи сиёсат маҳв хоҳад шуд.
Ҷон Болтон, мушовири собиқи амнияти миллии Амрико дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии Си Эн Эн гуфт: «Фазои сиёсӣ барои ҳомиёни Доналд Трамп дар ҳоли тағйир аст ва давлати Трамп ҳамонанди як ҳаббаи қанд дар ҳоли об шудан дар як финҷон чойи доғ аст».
Болтон афзуд: «Ин давлат бистуми январ хоҳад рафт ва Трамп низ аз зиндагии сиёсӣ маҳв хоҳад шуд».
Ҷорҷ Конвей (George Conway) аз ҷумҳурихоҳони мухолифи Трамп низ Трампро «хаёлотӣ, фиребкор ва бадниҳод» хонд.
Доналд Трамп ҳанӯз шикаст аз Ҷо Байден, рақиби демократи худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии сеюми ноябри 2020 - ро напазируфтааст.
Ин дар шароите аст, ки январи 2021 маросими савганди Байден баргузор хоҳад шуд.
Бештар бихонед:
- Болтон: Трамп ба Путин ва Си ҳасодат мекунад
- Бародарзодаи Трамп: Ҷойи Трамп баъд аз Кохи Сафед зиндон аст
- Рӯҳонӣ: Аз рафтани Трамп бисёр хушҳолем