Декабр 17, 2020 15:02 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати сиёсии Толибон ба Покистон

Мулло Абдулғанӣ Бародар, раиси дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳамзамон бо таъвиқи беш аз 20 рӯза музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон дар садри ҳайате ба даъвати расмии давлати Покистон ба Исломобод рафат.

Вазорати умури хориҷаи Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард, боздиди ҳайати сиёсии Толибон аз Исломобод дар машварат бо давлати Афғонистон ва дар натиҷаи сафари ахири Имрон Хон, нахуствазири Покистон ба Кобул сӯрат гирифтааст. Ин дувумин сафари расмии ҳайати сиёсии Толибон ба Покистон дар камтар аз як соли гузаштааст.

Сафари ҳайати сиёсии Толибон ба Покистон, ки ба даъвати давлати ин кишвар анҷом шудааст, фурсате барои ифои нақши Имрон Хон дар раванди музокироти сулҳ байни ин гурӯҳ ва давлати Афғонистон фароҳам кардааст.

Имрон Хон дар сафари чанде пеши худ ба Кобул ва гуфтугӯ бо Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон ваъда дод, ки аз ҳамаи зарфиятҳои расмӣ ва ғайрирасмии Покистон барои кумак ба пешрафт дар раванди гуфтугӯҳои байналафғонӣ истифода хоҳад кард.

Дар шароите, ки музокироти байналафғонӣ дар Қатар пешрафти малмусе надоштааст, ду тими музокиракунандаи Толибону давлати Афғонистон ҳар ду аз маҳали гуфтугӯҳо дар Давҳа хориҷ шудаанд.

Тими музокиракунандаи давлати Афғонистон барои ройзанӣу ва машварат бо сарони ин кишвар ва шахсиятҳои ҳизбии мутанаффиз ба Кобул бозгашта аст ва ҳайати сиёсии Толибон, ки аъзои он музокиракунандагони аслии ин гурӯҳ дар гуфтугӯҳои сулҳ ҳастанд, ба Покистон рафтааст.

Аз назари давлати Афғонистон, Покистон метавонад нақши муҳимме дар муваффақияти раванди сулҳу гуфтугӯҳои байналафғонӣ ифо кунад.

Дар ин чорчӯб чанде пеш Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафар ба Исломобод аз мақомоти Покистон хост ба раванди музокироти ба бунбаст расида бо Толибон кумак кунанд, ки ин мавзӯ дар сафари ахири Имрон Хон, нахуствазири ин кишвар ба Кобул низ аз ҷумлаи интизороти мақомоти афғон аз вай буд.

Аз назари мардум ва давлати Афғонистон бо вуҷӯди бархе дидгоҳҳо дар бораи коҳиши нуфӯзи Покистон бар Толибон, аммо ҳамчунон Исломобод дорои зарфияти таъсигузорӣ бар ин гурӯҳ аст.

Саидинтизор Ходим, коршиноси масоили сиёсӣ дар Афғонистон мегӯяд, бо тавваҷӯҳ ба нуфӯзи давлати Покистон бар Толибон, ин кишвар метавонад, ин гурӯҳро ба коҳиши сатҳи хушунатҳо дар Афғонистон мутақоъид кунад.

Баёнияи вазорати хориҷаи Афғонистон дар бораи онки сафари ҳайати сиёсии Толибон ба Исломобод дар машварат бо давлати он кишвар ва дар чорчӯби натоиҷи сафара Имрон Хон ба Кобул аст, бар ин нукта саҳа мегузорад, ки дидори ин ҳайат бо мақомоти аршади Покистон аз ҷумлаи нахусти вазири ин кишвар дар масӣри таҳаққуқи интизороти мақомоти Афғонистон аз Покистон барои кумаки муассир ба иҷроии барномаи аштӣ миллии аст.

Чунончӣ давлати Покистон битавонад дар дидор бо ҳайати сиёсии Толибон, аъзои онро ба инъитоф дар музокирот, аз ҷумла мувофиқат бо барқарории оташбаси муваққат дар замони баргузории гуфтугӯҳои байналафғонӣ тарғиб кунад, қатъан ин масаъла ба тағйири рӯйкарди миллату давлати Афғонистон ба сиёсатҳо ва иқдомоти Покистон ва эҷоди хушбинӣ дар ин замина мунҷар мешавад.

Ба назар мерасад, илова бар онки давлати Афғонистон интизори ҳамроҳӣ ва ҳимояти Покистон аз музокироти сулҳро дорад, дидори рӯзи сешанбеи Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умӯри Афғонистон ва генерал Скотт Миллер, фармондеҳи низомиёни хориҷӣ дар он кишвар бо фармондеҳи нерӯи заминии артиши Покистон низ фишорҳо бар Исломобод барои нақшофаринӣ дар таҳаввулоти Афғонистонро афзоиш додааст.

Агарчӣ амрикоиҳо сирфан аз Покистон мехоҳанд, ки ба таҳаққуқи сиёсатҳои якҷонибаи анон дар минтақа бидуни тавваҷӯҳ ба манофеъи миллии дигар кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон кумак кунад.

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

Барчасп