Трамп чи гуна Мағрибро фиреб кард? +Флм
(last modified Thu, 17 Dec 2020 10:23:57 GMT )
Декабр 17, 2020 15:23 Asia/Dushanbe

Муҷрии саршиноси шабакаи телевизиюнии “Алҳивор” бо мисоле дар бораи кулоҳбурдор(фиреб)-ӣ Трамп аз Мағриб суҳбат кард.

Муҷрии шабакаи “Алҳивор” гуфт: «вазъияти Мағриб ба тоҷире мемонад, ки ҷинсеро барои фурӯш ба бозор бурдааст, аммо кулоҳбардор меояд ва ба ӯ мегуяд, ин ҷинсро ба ту мефурӯшам ва бояд инро аз ман бихарӣ ва тоҷир қабӯл мекунад, ки ҷинсро бо онки моли худаш аст, аз кулоҳбардор бихарад.»

Вай афзуд: «вазъияти Саҳрои ғарбӣ имрӯз дақиқан ҳаминтавр аст. Саҳро бахше аз хоки Мағриб аст, аммо Трампи кулоҳбардор омаду гуфт, мехоҳед ҳокимияти шуморо бар он минтақа ба расмият бишиносам?! Ин чизе аст, ки дар оддисозии равобит бо Исроил иттифоқ афтод ва Мағриб ҳазинаи онро пардухт кард.»

Муҷрии шабакаи “Алҳивор”идома дод: «баъзе мегӯянд, Марокаш, ки чизе пардохт накард, аммо Мағриб баҳое пардохт, ки аз ҷинс ҳам гаронтар буд ва он равобити ҳасана бо кишваре аст, ки ишғолгар асту ҷинояткоре аст, ки бародарони туро ба қатл расонда ва қиблаи аввали мусулмононро ишғол кардааст. Даровартар он ки подшоҳи Мағриб худ раиси Кумитаи Қудси Созмони Ҳамкории Исломӣ аст. Чиқадар кумитаи Қудс бадбахт аст.»

 

БЕШТАР БИХОНЕД: