Ҳазинаи Ол-Сауд барои ба қатл расондани Шайх Закзакӣ
(last modified Thu, 17 Dec 2020 13:49:17 GMT )
Декабр 17, 2020 18:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳазинаи Ол-Сауд барои ба қатл расондани Шайх Закзакӣ
    Ҳазинаи Ол-Сауд барои ба қатл расондани Шайх Закзакӣ

Вакили Раҳбари Ҷунбиши исломии Нигерия Шайх Иброҳим Закзакӣ гуфт, режими Саудӣ миллионҳо доллар барои ба қатл расондани Закзакӣ ҳазина кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Исҳоқ Одам Исҳоқ» вакили Шайх Иброҳим Закзакӣ имрӯз панҷшанбе дар гуфтугӯ бо хабаргузории « Ал-Аҳад нюз » изҳор дошт, Раиси Ҷумҳурии Нигерия «Муҳаммаду Буҳорӣ » аз ҷониби Амрико, Исроил ва режими саудӣ маъмур ба қатл расондани « Шайх Закзакӣ» аст.

Исҳоқ афзуд, вазъияти саломатии Шайх Закзакӣ бисёр вахим аст ва ба рағми ин ки додгоҳи Нигерия, сурӣ ва ғайриқонӯнӣ аст ва иттиҳомоти нисбат додашуда алайҳи "Шайх Закзакӣ" сохтагӣ мебошад, аммо ба таври мудовим муҳокимаи вай ба таъхир меандозад.

Артиши  Нигерия дар соли 2015 дар шаҳри «Зория  » дар маросим фароҳам кардани муқаддамоти маросими милоди Паёмбари гиромии ислом ( с ) даст ба куштори шиаёни ин кишвар заду Шайх Закзакӣ ва ҳамсарашро боздошт кард.

Токунун мардуми Нигерия бо баргузории тазоҳурот дар шаҳри « Абуҷа » пойтахти ин кишвар хостори озодии Шайх Закзакӣ ва ҳамсараш шудаанд.