Декабр 19, 2020 13:28 Asia/Dushanbe

Марди чинӣ, ки дармони бемории саратонаш ҷавоб надода буд бо истихдоми ду гуркани маҳаллӣ даст ба кори аҷибе зад.

Ба гузориши Бошгоҳи хабарнигорони Ҷавони Эрон, як марди чинӣ дар устони Хунани ин кишвар пас аз он ки дармони саратонаш муваффақиятомез набуд, тасмим гирифт дар як гудол(чоҳ) ба зиндагии худ поён диҳад.

Ин марди 79 сола аз ду гуркан хоста буд барои ӯ гудоле бикунанд то вай даруни он мунтазири марги худ бимонад.

Вай даруни гудол бо буридани дасти худ бо корде, ки ба ҳамроҳ дошт мехост ба зиндагиаш поён диҳад, аммо ҳамсояҳо бо иттилоъ додан ба полис монеи ӯ шуданд.

Гуфта мешавад, ин мард пас аз онки бо ҳузури маъмурони полис аз марг наҷот ёфт ба бемористон мунтақил шуд ва ҳамакнӯн ҳоли умумии вай, хуб аст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп