Декабр 20, 2020 17:49 Asia/Dushanbe
  • Талафоти вазнини Арманистон дар ҷанги Қарабоғ
    Талафоти вазнини Арманистон дар ҷанги Қарабоғ

Арманистон омори дақиқи талафоти нерӯҳои арманӣ дар ҷанг бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғро эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Орон нюз, Вазорати дифои Арманистон рӯзи якшанбе дар баёнияе эълом кард дар ҷанги 44 рӯзаи ин кишвар бо ҷумҳурии Озарбоӣҷон бар сари муноқишаи Қарабоғ 14 ҳазору 286  нафар аз низомиёни Арманистон кушта, 22 ҳазору 400 нафар захмӣ ва ҳудуди ҳазор нафари дигар ҳам мафқуд шуданд.

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ин, Вазорати дифо ва раёсати ҷумҳурии Арманистон шумори кушташудагонро куллӣ эълом мекарданд.

Вазорати  дифои Арманистон дар ин баёния ба манотиқе, ки ба тасарруфи ҷумҳурии Озарбойҷон дар ин ҷанг даромада, ҳеч гуна ишорае накардааст.

Даргириҳои ҷадид байни ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар 27 сентябр дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ оғоз шуд ва ҳазорон нафар аз нерӯҳои ду тараф кушта ва захмӣ шуданд.

Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон 10 ноябр бо миёнҷигарии Русия барои поёни ҷанг дар Қарабоғ тавофуқ карданд.

Барчасп