Ҷузъиёти шаби кудато ба нақли домоди Эрдуғон
(last modified Sun, 24 Jul 2016 14:59:42 GMT )
Июл 24, 2016 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ҷузъиёти шаби кудато ба нақли домоди Эрдуғон

Вазири нерӯ ва манобеи табиии Туркия, ки домоди Раҷаб Тайиб Эрдуғон аст, ҷузъиёти шаби кудато дар Туркияро матраҳ кард ва дар мавриди вазъияти руҳии Эрдуғон дар он шаб гуфт: "Дар шаби кудато, Эрдуғон вузӯ гирифт ва сипас ду ракъат намоз хонд, то пас аз он ҳидояти муқобила бо кудаторо оғоз кунад".

Ба гузориши расонаҳои туркӣ, Барот Олбойроқ, вазири нерӯ ва манобеи табиии Туркия ва домоди Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дар мавриди ҷузъиёти кудато унвон дошт, ки дар шаби 15 июл ба ҳамроҳи аъзои хонаводааш дар шаҳри Морморис буд ва нахустин тамосро дар мавриди талош барои кудато аз Зиё Илган, шавҳархоҳари Эрдуғон, ки мударриси бознишаста аст, дарёфт кард.

Вай афзуд: "Ӯ ба ман гуфт, ки эҳтимоли талош барои кудато дар Туркия вуҷуд дорад ва пас аз он раисиҷумҳурро ба утоқи дигаре ба дур аз ҷамъи хонавода бурдам ва масъаларо бо ӯ дар ҷараён гузоштам".

Домоди Эрдуғон афзуд: "Дар он ҳангом, раисиҷумҳури Туркия талош кард, то бо телефон бо раиси дастгоҳи иттилоот ва раиси ситоди муштарак ва нахуствазир иртибот барқарор кунад ва тавонист бо Беналӣ Йилдирим, нахуствазир тамос бигирад ва дар он ҳангом буд, ки мутмаин шуд талоше барои кудато сурат гирифтааст".

Олбойроқ хотирнишон кард: "Табиатан мо дар ин ҳангом бо фармондори Истонбул ва мудири амнияти ин шаҳр ва сойири масъулон тамос барқарор кардем ва инки фармондеҳи нахусти артиш эълом кард, ки иқдомоти кудаточиён хориҷ аз чорчӯби дастуроти ситоди артиш аст, ин иқдом ҳамзамон бо тамосҳои мустақим ва ҳамоҳангиҳои мо сурат гирифт ва ин амр нишонгари муваффақиятомез будани иқдомот барои ба шикаст кашондани кудато буд".

Вай афзуд, Эрдуғон дар он ҳангом ором буд ва бо хашм пешниҳоди масъулон мабнӣ бар рафтан ба яке аз кишварҳоро дар ҳангоми ҳузураш дар яке аз ҳутелҳои Морморис дар он шаб рад кард.

Олбойроқ дар мавриди вазъияти руҳии Эрдуғон дар он шаб низ гуфт: "Дар шаби кудато, Эрдуғон вузӯ гирифт ва сипас ду ракъат намоз хонд, то пас аз он ҳидояти муқобила бо кудаторо оғоз кунад"

Вазири нерӯ ва манобеи табиии Туркия хотирнишон кард: "Тамоси телевизионие, ки Эрдуғон бо як шабакаи телевизионӣ дар шаби талош барои кудато барқарор кард, яке аз масоили таъйинкунанда дар ба шикаст кашондани кудато буд ва Эрдуғон авзоъро дар кишвар таҳти контрол даровард".