Иддаои такондиҳанда дар бораи иллати даргузашти Марадона
(last modified Tue, 22 Dec 2020 08:23:23 GMT )
Декабр 22, 2020 13:23 Asia/Dushanbe
  • Табиби Марадона изҳор дошт, ки марги ӯ навъе худкушӣ аст
    Табиби Марадона изҳор дошт, ки марги ӯ навъе худкушӣ аст

Пизишки Диего Армандо Марадона устураи фақиди Аргентина иддаои аҷиберо дар бораи иллати даргузашти вай матраҳ кардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Ал-Олам: Доктор Алфредо Кахе, ки дар давраи солҳои 1977 ва 2007 Марадонаро муолиҷа карда буд, чунин мешуморад, ки ин устураи Аргентина пас аз ҷарроҳии мағзи сар, ки андаке қабл аз марги худ анҷом дод дучори афсурдагии шадид шуд ва ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ӯ он замон аз масрафи доруҳои худ худдорӣ карда бошад.

Ӯ дар ин бора ба як шабакаи радиои Аргентина гуфт: "Ин фақат як ҳамлаи қалбии сода ба назар намерасад."

Бар ин асос пизишки Марадона иддао кардааст, ки марги марадона навъе худкушӣ бӯда ва афсурдагии пас аз ҷарроҳии мағзӣ низ дар ин иттифоқ нақши асосӣ ифо кардааст.

Алфредо Кахе мӯътақид аст марадона пас аз тархис аз бемористон баъд аз ҷарроҳӣ, ғизо хӯрдан ё масрафи доруи худро мутаваққиф карда ва ниҳоятан ин амр мунҷар ба исти қалбӣ ва марги ӯ шудааст.

Вай бо баёни ин ки Марадона рӯзҳои охири худро пас аз ҷарроҳии мағз дар як утоқ мегузаронад гуфт: "Диего воқеан аз зиндагӣ хаста буду ҳамаи ин вақоеъ нишон медиҳад, ки ӯ ба навъе худкушӣ кардааст."

Ин пизишки Аргентина ҳамчунин дар ин мусоҳиба аз масъулони бемористоне, ки Диего марадона охирин рӯзҳои зиндагии худро дар он бистарӣ буд интиқод ва онҳоро ба тархиси зудҳангоми ӯ муттаҳам кардааст.

 

Бештар бихонед: