Мардуми Зеландияи Нав гармичаҳои пӯстро бо гиёҳи эронӣ дармон мекунанд
(last modified Tue, 22 Dec 2020 09:04:50 GMT )
Декабр 22, 2020 14:04 Asia/Dushanbe
  • Зиришк як гиёҳи эронӣ аст, ки дар тӯли асрҳо барои мақсадҳои табобатӣ истифода мешуд
    Зиришк як гиёҳи эронӣ аст, ки дар тӯли асрҳо барои мақсадҳои табобатӣ истифода мешуд

Радиои Зеландияи Нав рӯзи сешанбе гузорише дод, ки се донишомӯзи ин кишвар дар шаҳри "Дениден" бо истифода аз зиришки эронӣ як маҳсули гигиении зидди гармичаи рӯйро тавлид кардаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, маҳсули тавлидшуда, ки "Хокаи зиришки хоми Абалро" ( Abalro Raw Barberry Powder ) ном дорад дар солҳои мухталиф ҷавоизе низ ба худ ихтисос додааст.

Мудиромили ширкати тавлидкунанда ин маҳсул Роберт Доного дар Зеландияи Нав ба ин радио гуфт: соли гузашта яке аз аъзои тими тавлидкунанда ба қобилияти зиришк дар аз байни бурдани гармичаи рӯй ва пай бурда буду ҳамин мавзӯ мӯҷиб шуд тавлиди ин маҳсул дар дастури кор қарори гирад.
 

Зиришк як гиёҳи эронӣ аст, ки қарнҳост бо аҳдофи пизишкии мавриди истифода қарор мегирад ва антиоксидони мавҷуд дар он мӯҷиби коҳиши қобили тавваҷӯҳи гармичаи рӯй мешавад.

Бо тавваҷӯҳ ба ин ки Зеландияи Нав зиришки кофӣ барои тавлиди ин дору надорад, ин маҳсулро аз Эрон ворид мекунад.

Тадқиқоти суратгирифта нишон додааст, ки масрафкунандагон ин маҳсул ризояти болое аз он дошта ва эълом кардаанд, ки истифодаи ҳатто чанд қошуқи чойхурӣ аз он низ мӯҷиби таъсиоти мусбате дар саломатии ҷисмӣ ва пӯсти бадан мешавад.

Зиришки эронӣ  гунае мунҳасир ба фард ва бо гунаҳои дигари он мутафовит аст, ки бештар дар минтақаи Хуросони ҷанубӣ кишт мешавад.

 

Бештар бихонед: