Толибон гурӯҳе аз ҳазораҳои Афғонистонро гаравгон гирифт
Толибон бори дигар 21 мусофир аз ҳазораҳои Афғонистонро дар вилояти Ғазнӣ рабуданд.
Ба гузориши хабаргузории «Шафақно», Толибон асри рӯзи якшанбе чанд мошин мусофирони ҳазораро дар Дашти Қарабоғ, масири Қарабоғ – Ҷоғурӣ мутаваққиф кардаву тамоми 21 сарнишини ин мошинҳоро ба гаравгон гирифтанд.
Як рӯз қабл аз он низ Толибон беш аз 10 мусофири ҳазора аз манотиқи Тамки, Найқалъа ва Говмурдаро ба гаравгон гирифтанд, ки то кунун аз вазъияту ҳувияти онҳо гузорише мунташир нашудааст.
Бархе аз ҷодаҳову бузургроҳҳои Афғонистон, ки таҳти кантроли Толибон қарор дорад, барои мусофирон бисёр хатарнок аст ва гоҳе авқот Толибон бо ҳамла ба мошинҳои мусофирбарӣ, сарнишинони онҳоро мерабоянд, ки ин мавзуъ боиси нигарониву хашми мардум шудааст.
Бештар бихонед:
- Ибрози нигаронии Афғонистон аз ҳузури сарони Толибон дар Покистон
- Толибон ба бозкушоии садҳо мактаби ибтидоӣ дар Афғонистон ризоият доданд
- Тоҷикистон шаҳрвандони ин кишварро ки дар рикоби Толибон меҷанганд, шиносоӣ кард