Уламои афғон хостори бозгушоӣ мадориси духтаро
(last modified Mon, 26 Jun 2023 16:44:40 GMT )
Июн 26, 2023 21:44 Asia/Dushanbe
  • Уламои афғон хостори бозгушоӣ мадориси духтаро
    Уламои афғон хостори бозгушоӣ мадориси духтаро

Теъдоди аз уламои вилояти Парвони Афғонистон аз ҳукумати Толибон хостанд заминаи таҳсили духтарон дар пояҳои болотар аз шашумро фароҳам кунад.

Гуруҳи Толибон пас аз ба қудрат расидан дар Афғонистон аз 15 августи соли 2021 идомаи таҳсили болотар аз шашуми ибтидоиро барои духтарони афғон мамнуъ карда аст. Толибон ҷанди баъд аз идомаи таҳсили донишҷуёни духтар низ пешгири кард ин иқдомоти Толибон вокунишҳои дохили ва хоириҷиро ба дунбол дошт.

Толибон то кунун борҳо ваъдаи ислоҳот ва бозгушоӣ донишгоҳҳо ва мадорис ба руи духтаронро дода аст аммо ин ваъда муҳақақ нашуда ва дархост барои лағви мамнуъияти таҳсили духтарон ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ово олимони динӣ дар парвоне ки дар маросими гушоиши як мадрасаи дини ширкат карда буданд дар канори омузиш дар мадрасаҳои динӣ бар бозгушоӣ дигар мадориси духтарон таъкид карданд.

Ин мадрасаи динӣ ки аз суи як буни хайир сохта шуд гунҷоиши якҳазор донишомузи писар ва духтарро дорад.