Октябр 15, 2016 15:29 Asia/Dushanbe
  • Нахуствазири Ироқ: Ба Туркия ва Арабистон иҷозаи дахолат намедиҳем

Нахуствазири Ироқ аз дахолатҳои Арабистону Туркия дар умури дохилии кишвараш дар остонаи амалиёти озодсозии шаҳри Мусил аз зери нуфузи гурӯҳи террористии ДИИШ иброз тааҷҷуб карда гуфт: "Вақте ДИИШ вориди Ироқ шуду шаҳрҳои моро вайрон кард, куҷо будед?".

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи "ал-Олам", Ҳайдар Ибодӣ дар конфронси матбуотӣ дар шаҳри Каркук бо ишора ба мудохилаҳои Туркия ва Арабистон дар умури дохилии Ироқу мавзӯи озодсозии шаҳри Мусили гуфт: "Аз дахолати ошкори бархе кишварҳо дар умури дохилии Ироқ дар остонаи берун рондани ДИИШ тааҷҷуб мекунам". Ӯ афзуд: "Ин дахолатҳо дар ҳолест, ки вақте ДИИШ вориди Ироқ шуду шаҳрҳои моро вайрону мардуми моро маҷбур ба кӯч кард ва занони моро ба бардагӣ гирифт, онҳо ба ёрии мо нашитофтанд". Нахуствазири Ироқ таъкид кард, "ин дахолати онҳо машкуку ғайриқобили қабул аст, ки иҷозаи идомаи онро нахоҳем дод". Ибодӣ таъкид кард, мехоҳанд сарзамини худро озод кунанду дигар кишварҳо набояд дар умури дохилии ин кишвар дахолат намоянд.

Дар остонаи озодсозии шаҳри роҳбурдии Мусил дар Ироқ аз тасарруфи ДИИШ сарони Туркия ва Арабистон бо дахолатҳои мукаррар дар раванди амалиёти озодсозии Мусил коршиканӣ мекунанду барои Ироқ хати нишон мекашанд. Ҷанги лафзии Эрдуғону Ибодӣ дар рӯзҳои ахир бар сари озодисозии Мусил сархати бисёре аз расонаҳои минтақаӣ буд. Мусил охирин "диж"-и ДИИШ дар Ироқ асту бо озодии он ин кишвар аз вуҷуди ин гурӯҳи террористии такфирӣ озоду пок хоҳад шуд.