Декабр 29, 2020 19:47 Asia/Dushanbe

Заминларзае бо бузургии 6. 3 риштер рӯзи сешанбе маркази ҷумҳурии Хорватияро ларзонд ва шуморе аз шаҳрвандонро масдум кард.

Ба гузориши “Асошейтед Пресс”, Маркази ларзашиносии аврупоии баҳри Миёназамин эълом кард, ки ин зилзила дар 46 километрии ҷануби шарқии Загреб - пойтахти Хорватия ва дар умқи 10 километрӣ аз сатҳи замин рух додааст.

Аз хисоратҳои ин заминларза ҳанӯз гузорише мухобира нашудааст.

Ин заминларза дар саросари Хорватия, минтақаи Балкан ва ҳамчунин дар Сербия, Босния, Италия ва Австрия эҳсос шудааст.

Пас аз зилзила дар Хорватия, ҷумҳурии Словения дар иқдоме пешгирона нерӯгоҳи ҳастаии худро таътил кард.

Заминларзае бо қудрати 5. 2 риштер низ рӯзи душанбе Хорватияро ларзонда буд, ки талафоте надошт.

 

Бештар бихонед:

Барчасп