Декабр 30, 2020 10:28 Asia/Dushanbe
  • Николас Мадуро ба Путин барои кумак ба Венесуэла дар ҷилавгирӣ аз вируси корона изҳори миннатдорӣ кард
    Николас Мадуро ба Путин барои кумак ба Венесуэла дар ҷилавгирӣ аз вируси корона изҳори миннатдорӣ кард

Раиси ҷумҳурии Венесуэла аз Раиси Ҷумҳурии Русия ба далели дар ихтиёр қарор додани ваксинаи русии вируси корона ба ин кишвари Амрикои Лотин қадрдонӣ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,  Раиси Ҷумҳурии Венесуэла Николас Мадуро рӯзи сешанбе дар паёми твиттерӣ зимни қадрдонӣ аз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба далели нақши ӯ дар оғози раванди ваксинаи вируси корона дар ин кишвари Амрикои Лотин навишт: «Венесуэла қарордоди хариди аввалин 10 миллион доза аз ваксинаи Спутникро имзо кардааст.»

Венесуэла пас аз мушорикат дар озмоиши болинии ваксинаи русии корона эълом кард, ки қасди тазриқи ин ваксина ба 10 миллион нафар аз шаҳрвандонашро дорад.

Ҳамзамон бо ниҳоӣ шудани озмоишҳои болинии ваксинаҳои корона ва оғози ваксинатсия дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, кишварҳои минтақаи Амрикои Лотин, аз ҷумла Чили, Перу , Мексика , Колумбия ва Бразилия низ даст ба кор шуда, қарордодҳоеро барои таҳияи ваксинаи корона бо ширкатҳои мухталиф имзо кардаанд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп