Созмони Милали Муттаҳид Трампро бо шикасти дигаре барканор кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i60359-Созмони_Милали_Муттаҳид_Трампро_бо_шикасти_дигаре_барканор_кард
Охирин талоши давлати Трамп барои афзоиши таҳрим ва фишор алайҳи Эрон бо мухолифати 142 кишвар рӯ ба рӯ шуд ва шикаст хӯрд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 31, 2020 17:04 Asia/Dushanbe

Охирин талоши давлати Трамп барои афзоиши таҳрим ва фишор алайҳи Эрон бо мухолифати 142 кишвар рӯ ба рӯ шуд ва шикаст хӯрд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории садо ва симои Эрон, Амрико қасд дошт ду банди изофа ба буҷети 2021 Созмони Милали Муттаҳид қарор диҳад, ки марбут ба эҳёи комитети таҳримҳо алайҳи Эрон буд. 

Ҷониби Амрико далел овард, ки Кумитаи таҳримоти СММ алайҳи Эрон бояд кори худро дубора оғоз кунад, зеро Иёлоти Муттаҳида аз созишномаи ҳастаӣ ё Шӯрои Амнияти СММ хориҷ шудааст ва ба назари Вашингтон, Шӯрои Амнияти СММ дигар дар ҷойгоҳ нест.

Аммо танҳо 10 кишвари шомили Арабистон, Баҳрайн ва Ҷибутӣ бо ин дидгоҳи Амрико ҳамроҳӣ карданд.

110 кишвар мухолифи ин тарҳ буданду 32 кишвар низ раъйи мумтанеъ доданд то Трамп дар охирин талоши худ зидди Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ноком бимонад.