Январ 03, 2021 15:43 Asia/Dushanbe
  • Дар баландии кӯҳ сохтани роҳи оҳан аслан кори осон набуд
    Дар баландии кӯҳ сохтани роҳи оҳан аслан кори осон набуд

Сохти як хати оҳан дар минтақаи кӯҳистонӣ дар кишвари Эквадор беш аз ду ҳазор кушта барҷо гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, аз ибтидои сохти ин роҳи оҳан дар соли 1899 то поёни сохти он ҳудӯди 2000 нафар бар асари авомили мухталиф мисли беморӣ, кори зиёд ва шароити обу ҳавоӣ кушта шуданд, ки ҳама онҳо коргарони ин тарҳ буданд, ки бисёре аз онҳо аз кишварҳои дигар омада буданд то битавонанд пули хубе аз ин кор касб кунанд.

Дар байни ин афрод, зиндониҳое бо шароити сахт ҳам вуҷӯд доштанд, ки ба онҳо қавл дода шуда буд, ки дар сӯрати итмоми ин тарҳ метавонанд озодиашанро бихаранд.

Иҷрои тарҳи ин хати оҳан дар шароите шурӯ шуд, ки сохти масири рейлии он ҳам дар иртифооти як кӯҳ аслан кори содае набуд.

Аммо шояд пурчолиштарин бахши сохти ин хати оҳан, сахрае буд, ки ба он лақаби димоғи шайтонро дода буданд ва барои расидан ба болои ин сахраи 800 метрӣ муҳандисони сохтумон маҷбур шуданд то рӯи он шиёрҳое эҷод кунанд то дар сӯрати резиши борон битавонад бо шеби муносиб аз масир убӯр кунад.

Ин бовар дар байни мардуми Эквадор вуҷӯд дошт, ки шайтон ин сахраро он ҷо қарор дода аст, зеро дӯст надорад дар он нуқта хати роҳи оҳане сохта шавад ва агар инсонҳо бихоҳанд бархилофи ин хоста амал кунанд, бояд баҳои сангине бапардозанд.

 Хати оҳани бинии шайтон
 Хати оҳани бинии шайтон

Заминларзаҳои мукаррар, боронҳои сангин, вуҷӯди ҳайвоноти мухталиф монанди палангҳои холдори амрикоӣ, морҳои саммӣ, малария ва таби зард ҳам аз дигар авомиле буданд, ки иҷрои ин тарҳро солҳо бо таъхир рӯбарӯ карданд.

Ин роҳи оҳан қарор буд, шаҳри соҳилиро ба пойтахти ин кишвар васл кунад ва боиси равнақи гардишгарӣ шавад.