Январ 03, 2021 17:26 Asia/Dushanbe
  • Фазли Зун: Режими саҳюнистӣ , режими истеъморгар аст ва оддисозии равобит бо он бо сарқонуни Индонезия мухолиф аст.
    Фазли Зун: Режими саҳюнистӣ , режими истеъморгар аст ва оддисозии равобит бо он бо сарқонуни Индонезия мухолиф аст.

Ҳукумати Индонезия кӯшишҳои ба эътидол овардани муносибатҳо бо сионистҳоро рад кард.

Беш аз чаҳор моҳ аз ҳаракати бархе аз аъроби минтақа дар масири барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ сипарӣ мешавад. Дар ин миён бархе расонаҳои саҳюнистӣ хабарҳое мабнӣ бар тасмими кишварҳои ҷадиди бархе кишварҳои исломии ғайриарабӣ, аз ҷумла Индонезия ва Покистонро барои оддисозии равобит бо Исроил мунташир карданд.

Дар ин миён рӯзномаи ибрии «Ерусалим пост» Jerusalem Post ба нақл аз маноби дипломатӣ навишт: Шояд Покистон ва Индонезия давлатҳои баъдӣ бошанд, ки дар ҳафтаҳои оянда бо Исроил равобити дипломатӣ барқарор хоҳанд кард.

Ба мувозоти ин талошҳо, хабаргузории Спутник ҳам гузориш дода, ки Амрико дар талош аст то бо истифода аз гузинаи молӣ ва сарфи ҳазинаи миллиардии Индонезияро мутақоъид ба оддисозии робита бо режими саҳюнистӣ намояд.

Ин мавзӯ дар ҳолест ки, «Фазлӣ Зун » Fadli Zon раиси камиссиюни ҳамкории байналмилалии порлумонӣ дар порлумони Индонезия ва раиси анҷумани намояндагони ҳомии Қудс дар ин кишвар гуфт,  режими саҳюнистӣ фишори зиёдӣ ба Ҷакарта барои оддисозии равобит бо ин режим ворид кардааст. Ҳамзамон бо ин фишорҳо, давлати Амрико ҳам пешниҳоди ду миллиард доллар барои беҳбуди вазъияти иқтисодии Индонезия дар муқобили оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ ироа кардааст.

"Фазлӣ Зун"  дар айни ҳол афзуд, режими саҳюнистӣ, режими истеъморӣ аст, ки арозии фаластиниёнро ишғол карда ва оддисозии равобит бо ин режим бо қонуни асосии Индонезия дар таноқуз аст.
 

 Ишораи раиси анҷумани намояндагони ҳомии Қудс дар Индонезия дар бораи ришваи молии давлати Амрико барои оддисозии равобит бо саҳюнистҳо дар ҳолест, ки шабакаи Блумберг ифшо кардааст,  ки давлати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба Индонезия ваъда дода, ки дар сурати оддисозии равобит бо режим саҳюнистӣ метавонад аз эътиборот ва сармоягузории чанд миллиард долларии Амрико баҳраманд шавад .

Аммо ҳаёҳуи расонаи мақомоти Амрико ва саҳюнистӣ барои аъмоли фишор ба давлати Индонезия ба унвони пурҷамъияттарин кишвари исломӣ дар ҳолест, ки ба эътиқоди бисёре аз коршиносон, давлати Индонезия зери бори ин хиффатнигин нахоҳад рафт.

Дар ин замина «Файсал ал-Саққоф», таҳлилгари сиёсии Индонезия дар бораи талошҳои ахир гуфт, аз назари Индонезия масаълаи Фаластин ҳукми қонуни асосии мост, ки ҳар навъи ишғолгарӣ дар ҷаҳон бояд поён ёбад,  зеро ин нақзи асли башардӯстона ва адолат асту фаластиниҳо бояд ба истиқлол даст ёбанд.

Ироаи чунин таҳлил дар шароитест, ки ба мувозоти талошҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ барои оддисозӣ бо Индонезия, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар ин мавзӯро, ки Индонезия дар садади оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ аст, такзиб кард.

 

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Индонезия гуфт, раиси ҷумҳурӣ, вазири  умури хориҷа ва порлумони ин кишвар  оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро рад кардаанду маҳол аст ки Ҷакарта равобити худро бо ин режим оддисозӣ кунад .

Албатта ҷавоби манфӣ ба талошҳои мақомоти амрикоӣ ва саҳюнистӣ маҳдуд ба мақомоти Ҷакарта намешавад, давлатмардони Покистон ҳам мисли мақомоти Индонезия оби покеро рӯй дастони хоинин ба қиблаи аввали мусулмонон рехтанд.  «Имрон‌хон » нахусти вазири Покистон ва дастгоҳи дипломатии ин кишвар низ тайи моҳҳои ахир борҳо бар мавозеи зидди саҳюнистии худ таъкид карда ва зимни ёдоварии андешаҳои « Муҳаммадалии Ҷиноҳ »,  бунёнгузори фақиди Покистон мабнӣ бар номашрӯъ бӯдани режими саҳюнистӣ ва дифои тамомқад аз Фаластин, итминон доданд, ки ҳеч ҷое барои ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ вуҷуди надорад.

Дар маҷмӯ бояд гуфт беш аз чаҳор моҳ аз ҳаракати бархе аз аъроби минтақа дар масири барқарории равобит бо режими саҳюнистӣ мегузарад дар ин муддат расонаҳои кишварҳои амрикоӣ- саҳюнистӣ талош карданд бо дуруғи пароканиҳои худ мавзӯи созиши бархе кишварҳои ҷазира дар минтақаро бузургнамоӣ кунанд.

Ончӣ мусаллам аст ҷараёни созиш дар моҳҳои ахир бо меҳварияти Трамп ва  нахуствазири режими саҳюнистӣ бенямин Натаняҳу калид хӯрдаасту ин дар ҳолест, ки Трамп ба унвони марди девона чанд ҳафта аз ҳузураш дар Кохи Сафед боқӣ намондааст ва Натаняҳу ҳам бо буҳрони сиёсӣ дар арозии ишғолӣ рӯ ба рӯ аст ва ба таъбире торихи масрафи ҳарду нафар рӯ ба итмом аст.  Бадеҳӣ аст ки давлатмардони кишварҳое, ки бо ресмони пӯсида ин ду нафар ба ормонҳои Қудси шариф хиёнат карданд, посухшон ба мардуми Фаластин ва миллатҳои минтақа чӣ хоҳад буд?

 

Бештар бихонед:

Барчасп