Январ 03, 2021 18:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳамбастагии Малазия ба муносибати солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ
    Ҳамбастагии Малазия ба муносибати солрӯзи шаҳодати сардор Сулаймонӣ

Мақомоти созмонҳо ва ташкилотҳои исломии Малазия дар баёнияе ҳамбастагии худро бо раҳбар ва мардуми Эрон ба муносибати солрӯзи шаҳодати Қосим Сулаймонӣ эълом карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, «Муҳаммадазмии Абдулҳамид » раиси шӯрои машваратии созмонҳои исломии Малайзия, дар баёнияе эълом кард, сардори шаҳид сипаҳбуд «Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ » муҷоҳиде, ки ҳамаи зиндагиашро вақфи дифо аз уммати ислом ва мардуми Эрон дар баробари нақшаҳои шайтонии режими саҳюнистӣ кард ва рукну асоси бунёди дифоии минтақа буд.

Дар ин баёния омадааст, Малайзия тавтеаҳои мустамари бархе аз кишварҳои арабӣ, Амрико ва режими саҳюнистӣ барои ҳадаф қарор додани Эронро маҳкум ва террори сардори шаҳид Сулаймониро нақзи ошкори қавонини байналмилалӣ донист.

Сардори сипаҳбуд «Қосим Сулаймонӣ » фармондеҳи нерӯи Қудси сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва «Абумаҳдӣ Ал-Муҳандис» ноиби раиси басиҷи мардумии Ироқ (Ал-Ҳашду Шаъбӣ) ба ҳамроҳи 8 нафари дигар, сеюми январ дар ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои мутаҷовизу террористи амрикоӣ наздики фурӯдгоҳи Бағдоди Ироқ, ба шаҳодати расиданд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп