Октябр 15, 2016 21:05 Asia/Dushanbe
  • Поёни нишасти як рӯзаи сарони Паймони амнияти ҷамъӣ дар Ереван

Иҷлоси як рӯзаи сарони Паймони амнияти ҷамъӣ (мавсум ба CSTO) дар Ереван, пойтахти Арманистон бо судури баёнияе ба кори худ поён дод.

Ба гузориши хабаргузории Ирно, нишасти сарони Паймони амнияти ҷамъӣ рӯзи ҷумъа (14-и октябр) ба раёсати Арманистон баргузор шуд. Дар нишасти Ереван руасои ҷумҳурии Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Тоҷикистон ва нахуствазири Қазоқистон ширкат карданд.

Дар баёнияи поёнӣ, кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ ба таъсироти манфии иқдомоти якҷонибаи Амрико бо ҳадафи истиқрори сомонаи падофанди мушакӣ дар наздикии марзҳои кишварҳои узви ин паймон таъкид ва аз истиқрори ин сомонаи мушакии Амрико дар минтақа ибрози нигаронӣ карданд. Дар ин баёния ҳамчунин бар лузуми ҳаллу фасли мусолиматомез муноқишаи Қарабоғ аз роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ таъкид шудааст. Дар нишасти Ереван ҳамчунин 24 санади маврид тайиди ширкаткунандагон қарор гирифт. Аз ҷумлаи ин аснод метавон ба стратегияи Паймони амнияти ҷамъӣ то соли 2050 ва эҷоди маркази вокуниш дар ҳангоми буҳрон ишора кард. Бар асоси тавофуқи кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ, Беларус раёсати давраии ин паймонро дар соли оянда ба уҳда хоҳад дошт. Мақарри Паймони амнияти ҷамъӣ дар Маскав қарор дорад.

Коршносон баёнияи поёнии кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъиро нишондиҳандаи ваҳдати кишварҳои узви Паймони амнияти ҷамъӣ ба манзури муқобила бо султаҷуиҳои Амрико дар бахши муҳиме аз ҷаҳон қаламдод мекунанд.  Амрико бар истиқрори пойгоҳҳои низомӣ дар бархе аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ҳаммарз бо Русия таъкид дорад. Дар ҳоле, ки мақомҳои Маскав ин иқдомоти Амрикоро дар ростои султагариҳои Амрико ва бо ҳадафи зарба задан ба Русия қаламдод мекунанд. Дар баёнияи поёнии нишасти Ереван ҳамчунин мавзуи муноқишаи ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон мавриди баррасии ширкаткунандагон қарор гирифтааст.

Дар ҳамин иртибот, коршиносон таъкид бар ҳалли мусолиматомези муноқишаи Қарабоғро ба сурати зимнӣ ҳимоят аз Арманистон барои тадовуми ин муноқиша медонанд. Бо таваҷҷуҳ ба нуфузи Русия дар Паймони амнияти ҷамъӣ, гирифтани имтиёзи раёсати ин паймон аз Арманистонро низ бояд ба маънои нақши Русия дар муноқишаи озарӣ-арманӣ қаламдод кард. Дар ҳақиқат кишваре, ки мизбони як нишасти байналмилалӣ ва минтақаӣ аст, раёсати як давраро ба уҳда мегирад. Аммо дар Паймони амнияти ҷамъӣ раёсати Арманистон ба Беларус тааллуқ гирифтааст ва ин амр метавонад имтиёзи Русия ба ҷумҳурии Озарбойҷон қаламдод гардад. Мавзуе, ки бо вуҷуди фиқдони ҳузури намояндае аз ҷумҳурии Озарбойҷон рух додааст. Дар воқеъ бояд гуфт, ба манзури иҷрои тарҳи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар заминаи поён додан ба муноқишаи тӯлонимуддати Қарабоғ, давлатмардони Маскав ҳамчунон талош мекунанд.

Ногуфта намонад, ки Созмони паймони амнияти ҷамъӣ дар соли 1992 бо мушорикати кишварҳои Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Гурҷистон ташкил шуд. Ин кишварҳо дар соли 2002 тасмим гирифтанд, ин созмонро ба як эътилофи низомӣ табдил кунанд. Баъдҳо ҷумҳурии Озарбойҷон, Гурҷистон ва Узбакистон аз ин паймон ҷудо шуданд. Ин созмон дар рӯзи дуввуми моҳи декабри соли 2004 баунвони узви нозир дар Маҷмаи умумии Созмони милал пазируфта шуд. Аҳдофи ташкили ин созмон маҳдуд кардани заминаи густариши НАТО ба самти шарқ ва нуфузи Амрико дар ҳавзаи кишварҳои ҳамсояи Русия мутамарказ аст, ки пас аз фурупошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ ва коҳиши тавони сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомии Русия, ба манзури муттаҳид нигаҳ доштани кишварҳои узви иттиҳод ва боло бурдани зарфиятҳои низомӣ ва сиёсии онҳо эҷод шудааст.