Пайгирии Кореяи Ҷанубӣ барои рафъи тавқифи нафткаши худ дар Эрон
(last modified Tue, 05 Jan 2021 11:08:35 GMT )
Январ 05, 2021 16:08 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ аз оғози музокирот бо Теҳрон хабар дод
    Вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ аз оғози музокирот бо Теҳрон хабар дод

Кореяи Ҷанубӣ барои рафъи тавқифи нафткаши худ дар обҳои соҳилии Эрон дар ҳоли музокира бо Теҳрон аст.

Ба гузориши хабаргузории Юнҳоп, Конг Кюнг Вай, вазири хориҷаи Кореяи Ҷанубӣ рӯзи сешанбе гуфт, ин кишвар барои рафъи нафткаши тавқифшудаи ин кишвар дар обҳои Эрон дар ҳоли гуфтугӯ бо Теҳрон аст.

Новгурӯҳи Зулфиқори минтақаи якуми нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ба дархости Созмони банодир ва дарёнавардии Эрон рӯзи душанбе нафткаши Кореяи Ҷанубӣ ба номи Ҳанкук Чеми (HANKUK CHEMI) -ро ки аз мабдаи бандари Алҷубайл (Jubail)-и Арабистон дар халиҷи Форс дар ҳаракат буд, ба далели нақзи паёпайи қавонини зистмуҳитии дарёӣ тавқиф кард.

Ин киштӣ ҳомили 7 ҳазору 200 тон маводи кимиёии нафтӣ будааст.

Нерӯӣ дарёии Сипоҳи посдорон дар иттилоияе эълом кард: Ин нафткаш пас аз тавқиф дар лангаргоҳи БандарАббос паҳлу гирифт ва парвандаи он таҳвили мароҷеи қазоии Эрон хоҳад шуд.

 

Бештар бихонед: