Январ 06, 2021 12:46 Asia/Dushanbe
  • Кореяи Ҷанубӣ бо баҳонаи таҳримҳои ИМА пули Эронро масдуд кардааст
    Кореяи Ҷанубӣ бо баҳонаи таҳримҳои ИМА пули Эронро масдуд кардааст

Кореяи Ҷанубӣ ҳудуди 10 триллион вон баробар бо 9,2 миллиард доллар аз пулҳои Эронро. ки дар бонкҳои ин кишвар аст ба баҳонаи таҳримҳои Амрико масдуд карда ва пас намедиҳад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, хабаргузории Ёнхап  Yonhap рӯзи 5 январ хабар дод, ки аз моҳи сентябри соли 2019 инҷониб тақрибан 3 триллион вон пули Эрон дар як бонки Кореяи Ҷанубӣ масдуд шудааст. 

Ин пул назди шӯъбаи банки миллати Эрон дар Сеул аст.

Гузориш меафзояд: «Илова бар ин 3 триллион вон, ҳудуди 7 миллиард доллари пули нафти Эрон дар Бонки саноатии Корея ва Ворӣ Бонк масдуд шудааст".

Ин гузориш бо ёдоварии тавқифи як нафткаши Кореяи Ҷанӯбӣ дар обҳои тангаи Ҳурмуз аз ҷониби Эрон навиштааст: «Тавқифи ин нафткаш бори дигари мавзӯи дороиҳои басташудаи Эрон дар Кореяи Ҷанубиро матраҳ кардааст.»

Нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ субҳи рӯзи душанбеи 4 январ дар баёнияе аз тавқифи як фарванди шиновари Кореяи Ҷанӯбӣ бо номи тиҷории Ҳонкук Чемӣ Hankuk Chemi ҳомили 7 ҳазору 200 тан маводи шимиёии нафтӣ ба далели поймол кардани протоколҳои зистмуҳитӣ дар халиҷи Форс хабар дод.

Дар иттилоияи сипоҳ омадааст: «Тавқифи ин шиновар ба дархости созмони бандарҳо ва дарёнавардӣ ва бо ҳукми додситонии остони ҳурмузгони Эрон анҷом шуд.»

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон низ таъкид кард мавзӯи тавқифи киштии Корея комилан фаннӣ асту киштӣ ба далели олуда кардани дарё ва бо ҳукми қазоӣ, барои расидагӣ ба тахаллуфаш ба соҳил ҳидоят шудааст.

 

Бештар бихонед:

Барчасп