Ҳушдори Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Арманистон
(last modified Thu, 07 Jan 2021 13:55:11 GMT )
Январ 07, 2021 18:55 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Арманистон
    Ҳушдори Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба Арманистон

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ба сафари ахири вазири хориҷаи Арманистон ба Қарабоғ вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон идомаи таҳаррукоти Арманистонро танишзоӣ хонду гуфт: Боку ҳушдор медиҳад, ки агар ин гуна гомҳои таҳрикомез идома биёбад Арманистон пушаймонтар хоҳад шуд.

Илҳом Алиев афзуд, бояд ба ҳамаи ин сафарҳо поён дода шаваду ҳеч шаҳрванди хориҷӣ ва ҳеч созмони байни алмилалӣ ба истисно Созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ бидуни касби иҷозаи Боку ва ҳаққи вуруд ба ин арозӣ (Қарабоғ)-ро надорад.

Раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳушдор дод, ки ин бор аз тариқи Вазорати умури хориҷа ба онҳо ( Арманистон ) эълом шуда, аммо аз ин ба баъди ҳушдор ба шакли дигар хоҳад буд.

Алиев дар айни ҳол тасреҳ кард, дар ҳоли ҳозир гомҳо ва музокироте барои оддисозии равобит бо миёнаравии Русия анҷом шудааст.

Ин ҳушдор пас аз он аст, ки "Ара Айвазян" вазири умури хориҷаи Арманистон дар ду рӯзи гузашта ба Хонкендӣ сафар кардааст.

Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷараёни даргириҳои 44 рӯза тавонист сарзаминҳои худро аз ишғоли нерӯҳои Арманистон дар Қарабоғ озод кунад. Ин даргириҳо 20 обонмоҳи гузашта бо имзои баёнияи се ҷонибаи руасои ҷумҳурии Озарбойҷон, Русия ва нахуствазири Арманистон поён ёфт .

 

Бештар бихонед: