Истеъфои раиси полиси Конгресси Амрико
(last modified Fri, 08 Jan 2021 15:56:24 GMT )
Январ 08, 2021 20:56 Asia/Dushanbe
  • раиси полиси Конгресси Амрико истеъфо дод
    раиси полиси Конгресси Амрико истеъфо дод

Як рӯз пас аз ҳамлаи хушунатомези тарафдорони раиси ҷумҳурии Амрико ба сохтмони Маҷлиси намояндагони ин кишвар, раиси полиси Конгресси Амрико истеъфои худро аз ин симат эълом кард.

Ба гузориши “Ройтерс”, Стивен Санд, раиси полиси Конгресси Амрико панҷшанбе дар изҳороте гуфт, 16 январ аз ин симат истеъфо хоҳад кард.

Итеъфои Санд аз симати раиси полиси Конгресси Амрико пас аз он эълом шудааст, ки Ненси Пелоси, раиси демократи Маҷлиси намояндагони ин кишвар нерӯҳои федералро ба нокомӣ дар ҳифозат аз Конгресс муттаҳам кардааст.

Чаҳоршанбешаб дар ҳоле ки ҷаласаи муштараки Конгресси Амрико барои таъйиди ниҳоии пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар ҷараён буд, иддае аз ҳаводорони Трамп, ки дар муқобили ин сохтмон таҷаммуъ карда буданд, ба дохили он юриш бурданд.

Дар ҷараёни ин ҳамла 5 нафар кушта шудаву 9 маъмури полиси Вашингтон маҷруҳ шуданд.

Бо вуҷуди ошӯбу ҳарҷу марҷ дар Амрико ниҳоятан Конгресси ин кишвар пирӯзии Ҷо Байденро таъйид кард.

Трамп аммо ҳамчунон исрор дорад, ки ӯ дар интихоботи сеюми ноябри 2020 Амрико пирӯз шудаву демократҳо тақаллуби густарда кардаанд.

 

Бештар бихонед: