Январ 09, 2021 10:28 Asia/Dushanbe
  • Судури иттиҳом алайҳи 15 нафар аз омилони ҳамла ба Конгресси Амрико

Вазорати додгустарии Амрико 15 нафар аз афродеро, ки дар ҳамла ба конгресс нақш доштаанд, муттаҳам карда аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса , вазорати додгустарии Амрико дар баёнияе 15 нафарро дар иртибот бо хушунатҳои конгресси Амрико муттаҳам кард; дар ҳоле ки яке аз ин афрод ба ҳамли бомба муттаҳам шуда аст.

Ду нафари дигар низ ба нақшофаринӣ дар ҳамла ба дафтари Нанси Плуси-раиси маҷлиси намояндагони Амрико муттаҳам ҳастанд.

 Рўзи чаҳоршанбе ҳамзамон бо баргузории ҷаласаи муштараки конгресси Амрико барои таъиди ниҳоии пирӯзии Ҷу Байден ба унвони раис‌ҷумҳур , иддае аз ҳаводорони Доналд Трамп- раиси ҷумҳурии феълӣ, ки дар назди ин бино гирдиҳам омада буданд, вориди конгресс шуданд.

Дар ин ҳамлаҳо панҷ тан куштаву даҳҳо нафар ҳам захмӣ шуданд.

 То кунун шумори зиёде аз мақомоти собиқу кунунии Амрико ҳамлаи ҳаводорони Доналд Трамп ба конгресси Амрикоро маҳкум карданд.

 

Бештар бихонед: