Пайдо шудани боқимондаҳои ҳавопаймои мусофирбарии Индонезия
(last modified Sat, 09 Jan 2021 17:24:35 GMT )
Январ 09, 2021 22:24 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи шанбе ҳавопаймои Boing Sriwijaya Air дар баҳри Яваи Индонезия суқут кард
    Рӯзи шанбе ҳавопаймои Boing Sriwijaya Air дар баҳри Яваи Индонезия суқут кард

Дар баҳри Ява шикастапораҳои ҳавопаймои мусофирбари Boeing Sriwijaya Air, ки 62 мусофир дошт, дар Индонезия ёфт шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, ҳавопаймои Боинг 524-737 ки ба мақсади шаҳри Понтианак Pontianak дар остони Комилонтон ғарбии Индонезия парвоз карда буд, пас аз бархестан аз бонди фурӯдгоҳ аз сафҳаи радари нопадид шуд.

Будо Кориа вазири ҳамлу нақли Индонезия гуфт: «Дар ин ҳавопаймо 62 тан аз ҷумла 12 хадамаи парвоз ҳузур доштанд.»

Ин дар ҳолест, ки пештар як мақоми дигари Индонезия эълом карда буд ин ҳавопаймо 56 сарнишину 6 хадама дошт.

Ба гуфтаи Соержанто Тяҳжоно, раиси Кумитаи амнияти миллии нақлиёти Индонезия, ҷустуҷӯи сарнишинони ҳавопаймои суқуткарда рӯзи якшанбе идома хоҳад ёфт.

 

Бештар бихонед: