Мухолифати ошкори Ашраф Ғанӣ бо ташкили давлати муваққат дар Афғонистон
Раисиҷумҳури Афғонистон зимни эъломи мухолифат бо ташкили давлати муваққат дар ин кишвар таъкид кард, ки ҳадафи аслиаш интиқоли қудрат ба ҷонишини худ танҳо аз тариқи ирода ва интихоби мардум аст.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар мусоҳиба бо шабакаи СНН, ки бо ҳузури Руло Ғанӣ, бонуи нахусти Афғонистон анҷом шуд бо ташкили ҳукумати муваққат, ки ин рӯзҳо дар бархе аз маҳофили сиёсӣ аз он ёд мешавад, мухолифат кард ва афзуд, интиқоли қудрат аз тариқи иродаи мардум ба раисиҷумҳури баъдии Афғонистон арҷ гузоштан ба қурбониёни ғайринизомӣ, фаъолони сиёсӣ-иҷтимоӣ ва дигар қишрҳои ин кишвар аст.
Раисиҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин изофа кард, аз соли 2015 токунӯн ки раёсатҷумҳӯриро бар ӯҳда гирифтаем талафоти нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон 98 тан будааст, дар ҳоле, ки дар ин муддат беш аз 40 ҳазор низомӣ ва ғайринизомии афғон ҷони худро аз даст додаанд.
Ашраф Ғанӣ таъкид кард, ки ҷомеъаи Афғонистон хоҳон бозгашт ба гузашта нест ва рӯйкарди Толибон наметавонад бар ин ҷомеъа таҳмил шавад.
Вай бо ишора ба оғози даври дуввуми музокироти сулҳ байни афғонҳо тасреҳ кард, агар ҳадафи Толибон тасаллут бар раванди сулҳ ва сулҳе ҳамонанди оромиши қабристон бошад, ин сулҳ авоқиби ногуворе ба дунбол хоҳад дошт. Ҷомеъа мо муттаҳид ва хоҳони сулҳи мусбат аст.
Пофишории таҳрикомези Ҳикматёр бар ташкили давлати муваққат
Ин дар ҳоле аст, ки Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон, ки ба мавозеъи сиёсии таҳрикомез ва ҳимоят аз гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун ДИИШ ва Толибон шӯҳрат дорад, ахиран дар изҳороте гуфтааст, танҳо бо ташкили давлати муваққат дар Афғонистон, Толибон омодаи сулҳ аст.
Вай таъкид кардааст, то замоне, ки давлати муваққат ташкил нашавад, Толибон ҳамчунон ба ҷангу куштор идома медиҳад.
Раиси Ҳизби исломии Афғонистон пеш аз ин низ дар мавзеъи ҷанҷолӣ ва тааммулбарангез, танҳо роҳи ҳалли буҳрони ин кишварро ташкили давлати муваққат дониста буд.
Бисёре аз аъзои Ҳизби исломӣ, ки аз зиндонҳои Афғонистон озод шудаанд ҳамакнӯн бо нерӯҳои давлатии ин кишвар дар ҳоли ҷанг ҳастанд.
БЕШТАР БИХОНЕД: