Ноябр 19, 2022 18:12 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Ҳикматёр бар гуфтугӯ миёни афғонҳо

Раҳбари ҳизби исломии Афғонистон, танҳо роҳи ҳалли мушкили ин кишварро гуфтугӯҳо бидуни қайду шарт миёни гурӯҳҳои афғон донист.

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломии Афғонистон дар тозатарин изҳороти худ дар бораи авзоъи кишвару нишасти ахир Маскав гуфт, роҳи ҳалли мушкили Афғонистон гуфтугӯҳои воқеӣ миёни гурӯҳҳои афғон аст на ҳукӯматҳои эътилофӣ ва мушорикатӣ, ки аз хориҷ таҳмил мешавад.

Ҳикматёр гуфт, нишасти Маскав дар ҳоле бо ҳузури намояндагони ҳудӯди сад кишвари муҳим ва мутаассир аз вазъияти амниятӣ ва сиёсии Афғонистон, аз ҷумла ҳамсоягон баргузор шуд, ки намояндае аз Афғонистон дар он даъват нашуда буд.

Ҳикматёр изҳор дошт, меҳвари аксари суханронони ин нишаст ва нигарониҳои умдаи онҳо, мутолибаи ташкили ҳукӯмати ҳамашумӯл ва изҳори нигаронӣ аз «тадовуму густариши ҳузури террористҳои хориҷӣ» дар Афғонистон буд.

Вай гуфт, афғонҳо барои муқобила бо мушкилот ногузиранд бо тамомии ҷиноҳҳои таъсиргузор бо музокироти байналафғонӣ, бидуни қайду шарти қаблӣ ва бидуни дахолати хориҷӣ, тавофуқ кунанд.

 

Барчасп