Январ 10, 2021 14:55 Asia/Dushanbe
  • Террори яке аз сухангӯёни давлати Афғонистон дар Кобул

Яке аз сухангӯёни давлати Афғонистон субҳи имрӯз дар Кобул террор шуд.

Ба гузориши ИРНА, вазорати кишвари Афғонистон эълом кард, худрави Зиё Вадон, сухангӯи Идораи ҳифозати умумии давлати Кобул ва ду тан аз ҳамкоронаш субҳи имрӯз дар минтақаи Корти нав дар ҷануби шаҳри Кобул ҳадафи инфиҷори бомби миғнотисӣ(магнитӣ) қарор гирифт, ки дар ин ҳодиса Зиё Вадон кушта шуд.

Ториқ Ориян, сухангӯи вазорати кишвари Афғонистон гурӯҳи Толибонро масъӯли террорҳои ҳадафманд дар Афғонистон муаррифӣ карду гуфт, террористҳое, ки дар ҳаводиси мушобеҳ боздошт шудаанд ба сароҳат эътироф кардаанд, ки узви гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Ҳарчанд Толибон дар баёнияҳое даст доштан дар террорҳои ҳадафманди ахир дар шаҳрҳои Афғонистон, аз ҷумла Кобулро рад карда ва онро маҳкӯм карданд, аммо давлати Афғонистон ва ниҳодҳои амниятӣ таъкид мекунанд, ки афроди боздошт шуда ва омилони ин террорҳо эътироф кардаанд, ки аз аъзои гурӯҳи Толибон ҳастанд.

Дирӯз низ як худрав дар ҷодаи фурӯдгоҳи Кобул ҳадафи инфиҷори бомби миғнотисӣ қарор гирифт, ки мн ҳодиса низ як кушта бар ҷо гузошт.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп