Январ 10, 2021 15:54 Asia/Dushanbe
  • Пелоси аз демократҳо хост барои истизоҳи Трамп ба Вашингтон бозгарданд
    Пелоси аз демократҳо хост барои истизоҳи Трамп ба Вашингтон бозгарданд

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико аз демократҳо хост барои баррасии истизоҳи Трамп ба Вашингтон бозгарданд.

Ба гузориши радиои пойгоҳи иттилорасонии Конгресси Амрико, Нэнси Пелоси, раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба соири ҳамкорони демократи худ гуфтааст, ки ин ҳафта барои ҳузур дар Вашингтон ва гуфтугӯ дар бораи истизоҳи Доналд Трамп омода бошанд.

Пелоси рӯзи шанбе дар номае ба аъзои демократи Маҷлиси намояндагон навишт: “мо дар ҳоли омода кардани нишастҳое бо коршиносони ҳуқуқӣ ва мутахассисони қонӯни асосӣ ҳастем ва аз шумо мехоҳам барои бозгашт ба Вашингтон ба манзури музокира дар бораи истизоҳ омода бошед”.

Ed Lieu, намояндаи аршади демократи Маҷлиси намояндагони Амрико ҳам бо интишори паёме таъкид кард: “токунӯн 180 намоянда аз мафоди тарҳи истизоҳи Трамп ҳимоят кардаанд ва демократҳои маҷлис рӯзи душанбе мафоди истизоҳи Трампро дар чорчӯби як қонӯн эълом хоҳанд кард”.

Ҳамлаи ҳаводорони Трамп ба бинои Конгресси Амрико

 Чоршанбешаб дар ҳоле, ки ҷаласаи Конгресси Амрико барои таъиди ниҳоии пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар ҳоли баргузори буд, иддае аз ҳаводорони Трамп ба дохили бино Конгресс юриш бурданд.

Ин юриш ба дунболи фарохони Трамп барои таҷаммуъи ҳаводоронаш муқобили Конгресси Амрико рӯй дод ва Конгресс ба рағми ин ошӯбҳо пирӯзии Ҷо Бойденро таъйид кард.

Дар ин ҳамла 5 нафар кушта ва 9 маъмури полиси Вашингтон маҷрӯҳ шуданд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

 

 

Барчасп