Январ 10, 2021 19:23 Asia/Dushanbe
  • Бад шудан ҳоли беморони коронаӣ дар миёни саҳюнистҳо
    Бад шудан ҳоли беморони коронаӣ дар миёни саҳюнистҳо

Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ эълом кард, шумори беморони коронаӣ, ки бо вазъияти вахим дар бемористонҳои Исроил бистарӣ ҳастанд ба рекорди бесобиқае аз замони шуюи ин беморӣ расидааст.

Ба гузориши ­­радиои тоҷикии Садои Хуросон; Вазорати беҳдошти режими саҳюнистӣ афзуд, аз як ҳазору 646 бемори бистарии мубтало ба корона, вазъияти 964 нафари онҳо вахим асту шумори бемороне, ки барои идомаи ҳаёти худ ниёзманд ба дастгоҳҳои кӯмаки танаффусӣ ҳастанд низ ба 236 нафар расидааст. 

Ин вазоратхона ҳамчунин эълом кард, бо сабти шаш ҳазору 726 мавриди ҷадиди ибтило ба корона шумори кулли мубталоён ба ин вирус дар миёни саҳюнистҳо ба 484 ҳазору 83 нафар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, тайи шабонарӯзи гузашта 37 нафари дигар дар Исроил бар асари ибтило ба корона ҷон бохтаанду шумори талафот ба се ҳазору 633 нафар расидааст.

Барчасп