Январ 11, 2021 22:15 Asia/Dushanbe
  • Путин: Беш аз 48 ҳазор нафар аз паноҳандагон ба минтақаи Қарабоғ бозгаштаанд
    Путин: Беш аз 48 ҳазор нафар аз паноҳандагон ба минтақаи Қарабоғ бозгаштаанд

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар дидори сеҷониба бо сарони Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, ки ҷанги Қарабоғ хатари ҳузури тероризм дар минтақаро афзоиш дод.

Ба гузориши “Алъолам”, Владимир Путин рӯзи душанбе дар дидор бо раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва нахуствазири Арманистон бо ишора ба қурбониёни фаровони ҷанги Қарабоғ афзуд: Ин масъала вазъияти печидаи минтақаи Қафқози Ҷанубиро муташанниҷ кард ва хатари интишори терроризм дар минтақаро афзоиш дод.

Раиси ҷумҳурии Русия бо баёни ин ки феълан вазъи минтақаи Қарабоғ ором аст, изҳор дошт: Бо талошҳои Русия аз рӯзи 14 моҳи ноябри соли 2020 то кунун беш аз 48 ҳазор нафар аз паноҳандагон ба минтақаи Қарабоғ бозгаштаанд ва асирону ҷасади кушташудагон байни ду тараф мубодила шудааст.

Путин идома дод: Русия 800 тон масолеҳи сохтмонӣ ва беш аз 1. 5 миллион тон маҳмулаи кумакҳои инсонӣ ба Қарабоғ ирсол кардааст ва воҳидҳои низомии рус 479 гектар аз заминҳои ин минтақаро аз мина ва маводи мунфаҷира поксозӣ кардаанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистонро ба пойтахти Русия даъват кардааст то дар мавриди ҳалли мушкилоти Қарабоғи кӯҳистонӣ баҳсу табодули назар кунанд.

Муноқишаи Қарабоғ байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон даҳуми ноябр бо миёнҷигарии Русия ва тавофуқи ду кишвар ба поён расид.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп