Нишасти сеҷонибаи Маскав дар бораи Қарабоғ
Маскав, ки нақши муҳимме дар поёнбахшидан ба ҷанги 44 рӯзаи Қарабоғ ва инъиқоди тавофуқномаи оташбас дар 9 ноябри 2020 байни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон ифо кард, ин бор мизбони раҳбарони ду кишвар аст то ба идомаи ҳалу фасли мушкили Қарабоғ кумак кунад.
Дар ростои баррасии масоил ва чолишҳои кунӯнӣ бар сари роҳи тадовуми ин тавофуқ рӯзи душанбе нишасти сеҷонибае ба мизбонии Владимир Путин ва бо ширкати Илҳом Алиев, раисиҷумҳур ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар Маскав баргузор шуд. Путин дар ин нишаст дар чорчӯби тавофуқе, ки ба ҷанги Қарабоғ хотима дод, хостори ҳалу фасли масоили марбӯт ба фаъолияти нерӯҳои ҳофизи сулҳ, равшан шудани хутути марзӣ, мушкилоти башардӯстона ва ҳифозат аз мироси фарҳангӣ шуд. Ҳамчунин тавваҷуҳи вижа ба масаълаи кумак ба сокинони осебдида аз ҷанг дар ин минтақа ва ҳамчунин рафъи мавонеъ ва тавсеъаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ ва ҳамлу нақл дар дастури кори ин дидор қарор дошт.
Масъалаи муҳимме, ки Путин бар он таъкид кард, паёмадҳои амниятии ин ҷанги хунин дар Қафқози Ҷанубӣ буд. Вай бо баёни инки ҳадафи талошҳои сулҳҷӯёнаи Русия, тақвияти сулҳу субот дар минтақаи Қафқози Ҷанубӣ аст, гуфт, ки ҷанги Қарабоғ хатари ҳузури терроризм дар минтақаро афзоиш дод.
Ишораи Путин ба иқдомоти Туркия дар заминаи эъзом ва истиқрори шибҳи низомиёни такфирӣ аз Сурия дар манотиқи ҷангӣ дар Қарабоғ ва атрофи он дар ҷараёни ҷанги ахир буд. Сиёсати Анкара дар бораи омӯзиш, таҷҳиз ва эъзоми террористҳои ифротгаро ба манотиқи буҳронӣ монанди Қарабоғ боис шуда то нигарониҳои Маскав дар ин замина афзоиш ёбад.
Ба гуфтаи Pierre Emanuel Thouman, коршиноси масоили геополитикӣ, имкон дорад Қафқоз бо ҳимояти Туркия ба макони ҷазби террористҳои ифротгаро аз саросари ҷаҳон табдил шавад.
Ин масъала вокуниши ҷиддии ҳамсоягони шимолӣ ва ҷанубии ҷумҳурии Озарбойҷон, яъне Русия ва Эронро ба далели паёмадҳои манфии ин мавзӯ бар вазъияти амниятии Қафқоз ба ҳамроҳ дошта аст. Аз дидгоҳи Маскав ин масъала вазъияти печидаи минтақаи Қафқози Ҷанубиро дучандон карда ва хатари густариши терроризм дар минтақаро афзоиш додааст. Русия дар ин замина танҳо нест ва Эрон низ борҳо дар бораи ҳузури террористҳо дар Қарабоғ ва дар муҷовирати марзҳои худ ва таҳдидоти амниятии ношӣ аз он, ҳушдор додааст.
Нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия дар Қарабоғ
Акнун нерӯҳои ҳофизи сулҳи Русия барои назорат бар чигунагии риояти оташбас дар Қарабоғ мустақар шудаанд. Бо ин ҳол, чолишҳои зиёде дар заминаи тадовуми оташбас дар ин минтақа ва чигунагии ҳалу фасли муъзалоти кунӯнӣ вуҷӯд дорад. Масъалаи ояндаи Қарабоғ дар ин тавофуқи оташбас маскут монда ва мушахас шудани вазъияти он ба музокироти оянда мӯҷиб шуда, ки сокинони армании он дар вазъияти номушахасе басар бибаранд. Токунӯн беш аз 48 ҳазор нафар аз паноҳандагон ба минтақаи Қарабоғ бозгаштаанд. Бо миёнҷигарии Русия табодули асирон ва аҷсод кушта шудагон байни ду тараф низ анҷом гирифтааст. Дар айни ҳол масъалаи поксозии заминҳои ин минтақа аз абзорҳои инфиҷорӣ матраҳ аст, ки дар ин замина талошҳои васиъе анҷом шудааст.
Акнун Русия бо анҷоми музокироти дуҷониба ва сеҷониба талош мекунад монеъ аз ташдиди ихтилофот ва аз саргирии ҷанг дар Қарабоғ шавад. Бо ин ҳол, чолишҳои мутааддиде дар ин замина вуҷӯд дорад. Пашинян ба далели инъиқоди тавофуқи оташбаси ҷанги Қарабоғ бо фишорҳои дохилии зиёде барои канорагирӣ мувоҷеҳ буда ва аз сӯи дигар Илҳом Алиёв ба унвони пирӯзи ин ҷанг хоҳони иҷроӣ ҳарчӣ сареътар тавофуқот анҷом шудааст. Бад-ин тартиб нақши миёнҷигарии Маскав дар таъодулбахшидан ба хостаҳо ва интизороти тарафайн бисёр муҳим арзёбӣ мешавад.
БЕШТАР БЕХОНЕД:
- Путин: муноқишаи Қарабоғ хатари терроризмро дар минтақа афзоиш дод
- Русия: Арманистонро дар масъалаи Қарабоғ фиреб надодаем
- Шарти Илҳом Алиев барои поёни ҷанг дар Қарабоғ