Январ 12, 2021 16:25 Asia/Dushanbe
  • Имронхон: Ҳинд мекӯшад бо ҳимоят аз ДИИШ ҳарҷу марҷро дар Покистон густариш диҳад
    Имронхон: Ҳинд мекӯшад бо ҳимоят аз ДИИШ ҳарҷу марҷро дар Покистон густариш диҳад

Давлати Покистон муддаӣ шуд: Ҳинд бо ҳимоят аз гурӯҳи террористии ДИИШ ба дунболи эҷоди ҳарҷу марҷ дар Покистон аст.

Ба гузориши хабаргузории Форс, нахуствазири Покистон муддаӣ шуд: Ҳинд бо ҳимоят аз гурӯҳи такфирии ДИИШ дар минтақа мекӯшад бо доман задан ба фирқагароӣ, ҳарҷу марҷро дар Покистон густариш диҳад.

Имрон Хон афзуд: Ҷойи таассуф аст, ки террористҳо коргарони ҳазораи заҳматкаши кони ангишт дар иёлати Балучистон ба тарзи фаҷеъе ба қатл расониданд.

Ба дунболи ҳамлаи террористӣ ба коргарони ҳазораи як маъдани ангиштсанг дар иёлати Балучистони Покистон садҳо нафар аз ҳазораҳои сокини Кувайта, маркази ин иёлат бо баргузории тазоҳуроти эътирозӣ тадобири давлати Покистонро дар ҳимоят аз ҷони ақаллияти шиаён хостор шуданд.

Ақалияти шиаи ҳазора дар Покистон ҳамвора мавриди хушунати террористҳо будааст.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп