Ютюб ҳам Трампро таҳрим кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i60708-Ютюб_ҳам_Трампро_таҳрим_кард
Доналд Трамп пас аз маҳдуд шудан дар Фейсбук ва Твиттер ҳоло дар Ютюб ҳам наметавонад видео боргузорӣ кунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 13, 2021 11:19 Asia/Dushanbe
  • Ютюб ҳам ба ҷамъи таҳримкунандагони Трамп паӣваст
    Ютюб ҳам ба ҷамъи таҳримкунандагони Трамп паӣваст

Доналд Трамп пас аз маҳдуд шудан дар Фейсбук ва Твиттер ҳоло дар Ютюб ҳам наметавонад видео боргузорӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз торнамои шабакаи Алолам , Ютюб, ки бахше аз ширкати Гугл маҳсуб мешавад, ҳисоби Доналд Трамп-раиси ҷумҳури Амрикоро ба таври муваққат тағйир дод, то у натавонад пас аз рухдодҳои чаҳоршанбеи ҳафтаи гузашта ва ҳамла ба Конгресс , ба боргузории видео бипардозад.

 Ютюб илова бар пок кардани видеоҳои раиси ҷумҳури Амрико маҳдудият барои ҳисоби уро дасти кам ба муддати 7 рӯз иҷро мекунад.

Ютюб ҳамчунин эълом кард ба далели муҳтавои хушунат‌талабона , имкони фиристодани дидгоҳ ба канали Трамп дар ин вебсайт барои ҳамеша ғайрифаъол боқӣ хоҳад монд.

Пеш‌тар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук ва Твиттер низ Доналд Трампро аз гузоштани шарҳҳои нав манъ карда буданд.

Бештар бихонед: