Русия: Теҳрон иртиботе бо Алқоида надорад
-
Кобулов: Пампео мехоҳад барои осеб расонидан ба Эрон коре анҷом диҳад
Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, иддаоҳои Иёлоти Муттаҳидаи дар хусуси ин ки Эрон ба паноҳгоҳе барои Алқоида табдил шудааст, беасос аст.
Ба гузориши “Спутник”, Замир Кобулов, мудири бахши дувуми Осиёии Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба изҳороти ахири Майк Пампео, вазири хориҷаи Эрон гуфт: Маскав ҳеч иттилооте дар мавриди иртиботи Теҳрон бо созмони Алқоида надорад.
Кобулов дар идома изофа кардааст: Ба назар мерасад, ки Пампео дар авохири давраи раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп мехоҳад барои осеб расондан ба Эрон кори дигаре анҷом диҳад, аммо ин комилан беасосу ғайримантиқӣ аст.
Ба тозагӣ Майк Пампео, вазири умури хориҷаи Амрико Эронро муттаҳам карда, ки ба паноҳгоҳе барои Алқоида табдил шудаву муддаӣ шудааст, ки раҳбарии ин гурӯҳи террористӣ дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва ҳар кореро ки қаблан дар Афғонистону Покистон анҷом шудааст, анҷом медиҳад.
Алқоидаро бештар бишносем
Алқоида ташкилоти байналмилалии низомӣ ва бунёдгарои исломӣ аст, ки ба раҳбарии Усома бин Лодан ташкил шуд ва аксарияти аъзои он пайрави маслаки ваҳҳобии салафӣ ҳастанд.
Бисёре аз давлатҳову созмонҳои байналмилалӣ ин созмонро, ки ҳамакнун таҳти раҳбарии Айман Аз-Завоҳирӣ фаъолият мекунад, дар феҳристи гурӯҳҳои террористӣ қарор доданд.
ДИИШ дар Ироқ ва Ҷабҳаи Аннусра дар Сурия аз шохаҳои Алқоида ҳастанд ва ин созмон то кунун ҳамалоти зиёдеро алайҳи аҳдофи низомӣ ва ғайринизомӣ дар кишварҳои мухталиф анҷом додааст, ки муҳимтарини онҳо ҳамалоти 11 сентябр дар Амрикост.
Бештар бихонед: