Трамп рӯзи чаҳоршанбе Кохи Сафедро тарк мекунад
Ба гуфтаи як мақоми амрикоӣ Доналд Трамп дар рӯзи баргузории маросими савганди Ҷо Байден, раисиҷумҳури мунтахаби ин кишвар Кохи Сафедро тарк хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории Форс, яке аз мақомоти Кохи Сафед рӯзи ҷумъа эълом кард, Трамп рӯзи чаҳоршанбе пеш аз оғози маросими савганди Байден, Кохи Сафедро тарк мекунад ва дар маросими савганди раисиҷумҳури мунтахаб низ ширкат нахоҳад кард.
Бархе расонаҳо гумоназанӣ кардаанд, Трамп аз Кохи Сафед мустақим ба иморати шахсиаш дар иёлати Флорида хоҳад рафт.
Бо ин ҳол хабаргузории "Рейтерз" эълом кард: “Трамп субҳи чаҳоршанбе ба яке аз пойгоҳҳои низомии Амрико дар Мэриленд сафар мекунад то дар маросими низомӣ ҳузур ёбад”.
Трамп панҷшанбеи ҳафтаи гузашта пас аз моҳҳо эътироз ба натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии сеюми ноябри 2020 Амрико дар як паёми видеоӣ зимни маҳкӯм кардани ҳамлаи ҳаводоронаш ба Конгресси Амрико эълом кард, ки интиқоли қудрат дар ин кишвар ба сӯрати мусолиматомез хоҳад буд.
Рӯзи чаҳоршанбе 6 январ дар ҳоле, ки ҷаласаи муштараки Конгресси Амрико барои таъийди ниҳоии пирӯзии Ҷо Байден дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар дар ҳоли баргузорӣ буд, иддае аз ҳаводорони Трамп ба дунболи фарохони ӯ ба дохили бинои Конгресс юриш бурданд, ки дар ин юриш дастикам 5 нафар кушта шуданд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Ҳимояти 44 дарсади амрикоиҳо аз истизоҳ ва барканории Трамп
- Байден : Доналд Трамп омили шӯриши мусаллаҳона дар Конгресси Амрико буд