Январ 16, 2021 15:01 Asia/Dushanbe
  • Русия 15 январ хурӯҷи худ аз Паймони осмонҳои бозро эълом кард
    Русия 15 январ хурӯҷи худ аз Паймони осмонҳои бозро эълом кард

Амрико дар давраи зимомдории Доналд Трамп раванди хурӯҷ аз паймонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Паймонҳои кантроли таслиҳотро дар пеш гирифт. ин амр бо вокуниши манфии Русия ба унвони яке аз тарафҳои аслии ин паймонҳо мувоҷеҳ шудааст. Пас аз хурӯҷи Амрико аз Паймони осмонҳои боз (Treaty on Open Skies), расонаҳо ва мақомоти кантроли таслиҳоти Русия аз эҳтимоли хурӯҷи Маскав аз ин паймон хабар дода буданд.

Саранҷом Русия рӯзи ҷумъа 15 январи 2021 хурӯҷи худ аз Паймони осмонҳои бозро эълом кард.

Вазорати хориҷаи Русия тайи баёнияе эълом кард, ки фароянди хурӯҷ аз ин тавофуқро оғоз мекунад. Дар ин баёния омадааст, ки бо тавваҷуҳ ба хурӯҷи Амрико аз ин тавофуқ дигар манофеъе барои Русия дар ҷиҳати мондан дар ин тавофуқ вуҷӯд надорад. Ин иқдоми Маскав пас аз ҳушдорҳои мукаррар дар бораи инки агар кишварҳои аврупоии узви Паймони осмонҳои боз ба таваққуфи табодули иттилоотӣ бо Амрико мутааҳҳид нашаванд, Русия аз ин паймон хориҷ хоҳад шуд, сӯрат гирифтааст.

“Паймони осмонҳои боз” тавофуқномае байни 34 кишвари ҷаҳон дар бораи иҷозаи парвози ҳавопаймоҳои таҷассусӣ бар фарози манотиқи кишварҳои узви ин паймон аст. Ин паймон дар соли 1992 имзо ва аз соли 2002 ба иҷро гузошта шуд ва бахше аз талошҳои байналмилалӣ барои эътимодсозӣ дар давраи пас аз Ҷанги сард маҳсӯб мешавад. Ин паймон яке аз ҷомеътарин тавофуқномаҳои байналмилалӣ барои шаффофсозии фаъолиятҳои низомӣ буда ва дар айни ҳол аз замони иҷроӣ шудан абзоре калидӣ барои Амрико ва муттаҳидони аврупоии он ба манзури расад ва поиши истиқрори низомии Русия будааст.

Давлати Трамп дар ростои рӯйкарди куллии худ дар замина беэътиноӣ ва канор гузоштани паймонҳои байналмилалӣ, шаш моҳ пас аз онки эълом кард, ки қасд дорад аз Паймони осмонҳои боз хориҷ шавад, ба мушорикати Амрико дар паймони мазбур дар 22 ноябри 2020 ба таври расмӣ поён дод.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар 21 майи 2020 хурӯҷи ин кишварро аз Паймони осмонҳои боз ба баҳонаи нақзи мафоди он аз сӯи Русия таъийд кард, иттиҳоме, ки Маскав пайваста онро рад мекунад.

Ба гуфтаи Sergei Ordzhonikidze, коршиноси сиёсии рус: “давлати феълии Амрико дар ҳоли нобуд кардани ҳамаи муъоҳидоти байналмилалӣ дар хусӯси маҳдӯдияти таслиҳот аст”.

Бо вуҷуди хурӯҷи Амрико аз ин паймон, Русия, ки аз аъзои калидии Паймони осмонҳои боз маҳсӯб мешавад, ҳамвора бар идомаи узвият ва иҷроии ин паймони муҳим дар заминаи амнияти Аврупо ва ҷаҳон таъкид мекард.

Аз ҷумла Sergei Ryabkov, муовини вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки Маскав ҳатто бо вуҷӯди чолишҳои ҷадид ва иқдомоти мухарриби қаблии бархе аз тарафҳои Паймони осмонҳои боз, рӯи иҷрои комили ин паймон таъкид дорад. Ба рағми ин мавзегирӣ, аммо нигаронии ҷиддии Русия ин буд, ки Амрико бидуни узвият дар ин паймони муҳими кантроли таслиҳот, аз мазоёи он аз тариқи ироаи иттилооти марбут ба Русия аз сӯи аъзоии аврупоии НАТО баҳраманд шавад ва бад-ин тартиб тавозуни иттилоотӣ дар заминаи таъсисоти низомӣ ва таҷҳизоти низомӣ байни Русия ва Амрико бар ҳам хоҳад хурд. Ба ин маъно, ки Русия бо хурӯҷи Амрико ҳеч гӯна имкони дастрасӣ ва назорат бар фаъолиятҳои низомии онро надорад дар ҳоле, ки Вашингтон аз тариқи шарикони аврупоии хеш, ки ба парвозҳои назоратӣ бар фарози Русия идома медиҳанд, иттилооти марбӯт ба вазъияти низомии ин кишварро хоҳад дошт.

Ҳамин масъала мӯҷиби ҳушдори ҷиддии Русия дар бораи эҳтимоли хурӯҷ аз Паймони осмонҳои боз шуда буд ва бо бетаваҷҷӯҳии аъзои аврупоии ин паймон дар бораи ироаи замонатҳои лозим ба Русия, саранҷом Маскав аз Паймони осмонҳои боз хориҷ шуд. Ин амр амалан мӯҷиби беасар шудан ва дар ниҳоят фурӯпошии ин муоҳидаи муҳимми кантроли таслиҳотӣ хоҳад шуд.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Барчасп