Январ 17, 2021 18:15 Asia/Dushanbe
  • Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст
    Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст

Иқдоми Трамп дар напазируфтани шикаст дар интихобот, ки ҳаводиси хушунатбори Конгрессро рақам зад , мизони ризоят аз амалкарди ӯро ба 29 дарсад коҳиш дода аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Дейли мил , натиҷаҳои назарсанҷии « Пив » ки рӯзи ҷумъа мунташир шуд, нишон дод мизони ризоят аз Доналд Трамп ба 29 дарсад суқут карда аст, ки поинтарин мизон дар давраи раёсати ҷумҳурии ӯ ба шумор меояд.

Норизоятӣ аз Трамп ӯро ба яке аз номаҳбубтарин раисони ҷумҳӯрии ҳамаи давронҳои Амрико табдил карда аст

 Ин мизони ризоят 9 дарсад камтар аз августи  2020 баровард шудааст.

Бинобар ин назарсанҷӣ ҳатто дар байни ҷумҳурихоҳон низ маҳбубияти Трамп коҳиш дошта аст ва танҳо 60 дарсади онҳо амалкарди уро мусбат арзёбӣ кардаанд.

 Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи августи 77 дарсади ҷумҳурихоҳон чунин назаре доштанд.

 Тибқи ин гузориш ба назар мерасад худдории Трамп аз пазириши шикаст дар интихобот ва шуриши хушунатбори Конгресс дар рӯзи шашуми январ аз далилҳои аслии ин коҳиши рутба бошад.

Назарсанҷии Пив нишон дод, ки 54 дарсади амрикоиҳо фикр мекунанд Трамп бояд аз қудрат барканор шавад ва 45 дарсад муътақиданд ӯ бояд давраи худро ба поён бирасонад.

 Бештар бихонед:

 

Барчасп