Январ 18, 2021 12:40 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳои дохилӣ ба иқдоми Трамп алайҳи мардуми Яман
    Вокунишҳои дохилӣ ба иқдоми Трамп алайҳи мардуми Яман

Давлати Трамп дар охирин рӯзҳои умраш талоши густардае барои баровардани хостаҳои муттаҳидини минтақаии худ дар ғарби Осиё сӯрат медиҳад. Аз ҷумлаи мавориди ошкори ин амр, террористӣ эълом кардани ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман ва таҳрим он аст, ки саъудиҳо аз он ба гармӣ истиқбол кардаанд.

Бо ин ҳол ин иқдоми давлати Трамп бо вокуниши манфӣ дар дохили Амрико мувоҷеҳ шудааст.

25 намояндаи Маҷлиси намояндагони Амрико ба раҳбарии Gregory Meeks, раиси Кумитаи умӯри хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико дар номае ба Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико тасмими кутаҳбинонаи давлати Трамп дар террористӣ эълом кардани ҷумбиши Ансоруллоҳи Яманро маҳкӯм ва хостори иттилооте дар бораи раванде шудаанд, ки мунҷар ба ин тасмими сиёсии аҷулона шудааст.

Meeks дар ин нома навишт: «ин иқдом дар рӯзҳои поёнии давлати Трамп бидуни тардид бузургтарин буҳрони инсонии ҷаҳонро вахимтар хоҳад кард ва ҳазорон яманиро ба сӯи хатаре бузургтар ме‌кашонад.»

Jake Sullivan, мушовири амнияти миллии Ҷо Байден, раисиҷумҳури мунтахаби Амрико низ бо мухолифат бо террористӣ эълом кардани ҷумбиши муқовимати Ансоруллоҳи Яман, гуфт: “ин иқдом фақат дарду ранҷи мардуми Яманро бештар ме‌кунад”.

Ба назар мерасад, ҳаракати густарда дар сатҳи байналмилалӣ ва акнӯн дар дохили Амрико дар мухолифат бо ин иқдоми ғайримантиқӣ ва зидди инсонии давлати Трамп шакл гирифтааст. Қаблан низ раисони ниҳодҳои вобаста ба СММ бо ишора ба авзоъи вахими инсонӣ дар Яман ба далели ҷанги золимонаи 6 солаи эътилофи Саъудӣ алайҳи мардуми ин кишвар зимни маҳкӯм кардани таҳрими ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман аз суӣ Амрико, ки аз 19 январ ба иҷро дармеояд дар бораи табаоти фоҷеъабори ин амр ибрози нигаронии шадид карда ва хоҳони лағви он шуда буданд.

Бо ин ҳол баъид баназар мерасад давлати Трамп бо тавваҷӯҳ ба равобити наздики худ бо Арабистони Саъудӣ ва Иморот ба унвони ду кишвари ҷангафрӯз дар Яман тағйире дар тасмими худ бидиҳад. Ин иқдом бо аҳдофи мухталифе сӯрат гирифтааст: нахуст инки ин куниш дар ростои тазъифи муқовимати мардуми Яман ва ба таслим водоштани он сӯрат гирифтааст. Эътилофи Саъудӣ пас аз 6 сол ҷанги бесамару бомбаборони рӯзонаи мардуми Яман ҳеч муваффақияти қобили зикре ба даст наёварда ва саъудиҳо ва иморотиҳо токунӯн миллиардҳо доллар сарфи ин ҷанг кардаанд ва талафоти низомӣ ва хисороти таҷҳизотии бисёреро мутаҳаммил шудаанд. Лизо Трамп ба унвони муттаҳиди наздики режими Саудӣ бо таҳрими ҷумбиши Ансоруллоҳ ба заъми худ тасаввур мекунад, ки гоми муҳиммӣ дар ростои шикастани муқовимати Яман ва дар натиҷаи тағйири мувозина ба нафъи эътилофи Саъудӣ анҷом медиҳад. Бо ин ҳол воқеъият ҷуз ин буда ва иқдом ба таҳрими ҷумбиши Ансоруллоҳ дар воқеъ ба маънои ҷилавгирӣ аз ирсоли кумакҳои ғизоӣ инсондӯстона барои миллионҳо нафар аз мардуми Яман аст. Ин амре аст, ки мунтақидони байналмилалӣ ва дохилӣ иқдоми давлати Трамп бар он таъкид кардаанд ва дар номаи намояндагони Конгресс низ барон таъкид шудааст.

Сенатори ҷумҳурихоҳ Todd Young дар “Твиттер” навишт: « тасмими Майк Помпео барои эълом кардани ҷумбиши ҳавсиҳо ( ҷумбиши Ансоруллоҳ)-и Яман ба унвони як созмони террористӣ, гоми иштибоҳи дигаре дар рӯйкарди нодурусти Иёлоти муттаҳида дар муноқишаи Ямани аст».

Буъади дигари ин амр талоши давлати Трамп барои сангандозӣ дар масири сиёсати хориҷӣ ва минтақаии давлати ояндаи Амрико яъне давлати Байден аст. Бо тавваҷуҳ ба маҳкӯмияти чандбораи сиёсати Амрико дар бораи ҷанги Яман аз сӯи демократҳои Конгресси Амрико ва дархостҳои онҳо барои таваққуфи ҳимоят аз эътилофи Саудӣ дар ин ҷанги золимона, давлати Трамп бо террористӣ эълом кардан ва таҳрими ҷумбиши Ансоруллоҳи Яман дар воқеъ давлати Байденро дар муқобили амали анҷом шуда қарор додааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп