Трамп охирин тирашро ба сӯи Чин шиллик кард
Доналд Трамп дар вопасин соатҳои ҳузураш дар Кохи Сафед даст аз сар Чин барнадошт ва дастур дод, паҳподҳои сохти Чин аз новгони ҳавоии давлати Амрико хориҷ шуд.
Ба гузориши ИРНА, Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико рӯзи душанбе бо имзои фармоне ба созмонҳои амрикоӣ дастур дод, хурӯҷи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини сохти Чинро аз новгони давлати Амрико дар авлавият қарор дода ва ҳар гуна хатари амниятии онҳоро арзёбӣ кунанд.
Ин дар ҳоле аст, ки рӯзи чаҳоршанбе умри давлати Трамп ба поён мерасад.
Вазорати бозаргонии Амрико моҳи гузашта ширкати «DJI»-и Чинро, ки бузургтарин созандаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин дар ҷаҳон аст, ба ҳамроҳи даҳҳо ширкати чинии дигар ба феҳристи сиёҳи иқтисодии давлати Иёлоти муттаҳида изофа кард.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Трамп ангушти иттиҳоми ҳамалоти сайбериро ба сӯи Чин дароз кард
Иқтисоди Чин то соли 2028 Амрикоро пушти сар мегузорад
Фармони омодабош ба низомиёни Чин барои ҷанг алайҳи Амрико