Октябр 16, 2016 21:00 Asia/Dushanbe
  • Изҳороти ҷадиди раисҷумҳури Туркия дар бораи ҷунбиши Гулен ва мухолифон

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия бар идомаи сиёсати таъқиби мухолифони сиёсии давлати Анкара дар дохил таъкид кард.

Ба гузориши пойгоҳи интерентии Хабартурк, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар суханронӣ барои истиқболкунандагон дар шаҳри Ризе дар соҳили дарёи сиёҳ эълом кард касоне, ки аз Туркия фирор кардаанд, аз ин пас шаҳрванди ин кишвар маҳсуб нахоҳанд шуд. Онҳо шаҳрванди ҳамон кишварҳое бошанд, ки ба онҷо фирор кардаанд. Вай хитоб ба Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари маънавии нурчиҳои Туркия гуфт: Агар заррае шуҷоат дорӣ, ба кишвари худ боз гард. Ба Амрико паноҳ набар. Биё инҷо ва муҳокима шав.  

Коршиносон изҳороти раисҷумҳури Туркияро ношӣ аз нотавонии давлати Анкара дар бозгардондани Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари маънавии нурчиҳои Туркия ба кишвар қаламдод мекунанд. Вай пеш аз ин низ изҳори назарҳои таҳдидомазе алайҳи Гулен ва талош барои муҳокимаи вай дар Туркия иброз карда буд. Дар ҳақиқат, изҳороти раисҷумҳури Туркияро наметавон чандон ҳоизи аҳаммият талаққӣ кард. Ба бовари коршиносон, ингуна изҳори назарҳо ва мавзеъгириҳо сирфан бозтоби дохилӣ дорад ва ба манзури авомфиребӣ иброз мешавад.

Давлати Анкара Фатҳуллоҳ Гулен ва тарафдорони вайро ба нуфуз дар дастгоҳҳои давлатӣ, ташкили давлати мувозӣ ва барномарезӣ барои кудатои нофарҷоми 15-и июл муттаҳам кардааст. Мақомҳои Анкара дар паи кудатои нофарҷоми июли гузашта, поксозии густардаи тарафдорони Гулен дар бахшҳои давлатӣ, артиш, дастгоҳи қазоӣ, омӯзиш ва иқтисодро дар дастури кор қарор додаанд. Фатҳуллоҳ Гулен борҳо бо радди иттиҳомҳои давлати Туркия хостори ташкили як кумитаи байналмилалӣ ба манзури баррасии иттиҳомҳои давлати Анкара шудааст. Ба ҳамин далел, коршиносон мегӯянд: Эрдуғон пеш аз таҳдиди Фатҳуллоҳ Гулен мебоист дар бораи посухи Амрико ба дархостҳои мукаррари расмии давлати Туркия сухан мегуфт. Таи моҳҳои гузашта бавижа дар паи кудатои нофарҷоми 15-и июл, мақомҳои давлати Анкара ба ашколи мухталиф аз Кохи Сафед мавзуи бозгардондани Фатҳуллоҳ Гулен ба Туркияро дархост кардаанд. Давлати Вашингтон низ аз давлати Анкара дархости ирсоли мадорики мустанад мабнӣ бар мушорикати Гулен ва ҳомиёнаш дар кудатои нофарҷоми 15-и июлро матраҳ карда буд. Бо вуҷуди мустанадоти фаровони давлати Туркия дар бораи мушорикати Гӯлен ва ҳомиёнаш дар кудатои нофарҷоми июли гузашта, токунун давлати Амрико ба Туркия рӯи хуш нишон надодааст. Дар шароите, ки давлати Анкара дар иртбот бо бозгардондани Фатҳуллоҳ Гулен ба кишвар бо нокомӣ мувоҷеҳ шудааст, раисҷумҳури Туркия бо таҳдиди мустақими раҳбари маънавии нурчиҳои ин кишвар ва тарҳи изҳороти оммаписанд, дар воқеъ ба авомфиребии мардуми кишвараш машғул шудааст.

Таи моҳҳои гузашта, мақомҳои Анкара садҳо ҳазор тан аз афродеро, ки ба гумони ҳокимияти Туркия пуштибони Фатҳуллоҳ Гулен маҳсуб мешаванд, аз артиш ва ниҳодҳои давлатӣ ва идорӣ тасфия кардааст. Ин тасфияи ҳисобҳои густарда ҳокӣ аз хашми Ҳизби ҳокими адолат ва тавсеа аз раҳбари маънавии нурчиҳои Туркия аст.

Дар паи кудатои нофарҷоми 15-и июл, тамомии аҳзоби мухолифи Туркия аз кудаточиён бароат ҷуста ва талош карданд, ҳисоби худро аз мухолифони кудатогар ҷудо кунанд. Ба ҳамин далел, дар рӯзи ҳаштуми моҳи августи гузашта, ҳизби ҳоким ва аҳзоби мухолифи Туркия гирдиҳамоии ҳимоят аз демократия дар минтақаи Ени Копии Истанбул баргузор карданд. Дар ин гирдиҳамоӣ, ки ба дархости раисҷумҳури Туркия баргузор шуда буд, сарони давлати Анкара ва раҳбарони аҳзоби мухолиф ширкат карданд. Бо вуҷуди ин, ба назар мерасад, раисҷумҳури Туркия ҳамчунон дар паи муттаҳам кардани мухолифон бо мухолифат бо тавсеаи сиёсӣ ва иқтисодии Туркия аст.

Ин таҳаррукоти раисҷумҳур ва Ҳизби ҳокими Туркия дар ҳолест, ки ин кишвар дар иртибот бо мудохилаи ғайриқонунӣ дар умури Сурия ва Ироқ, бо мушкилоти ҷиддӣ дар дохил, минтақа ва дар сатҳи ҷаҳон мувоҷеҳ шудааст .