Аз "январи сиёҳ"и ҷумҳӯрии Озарбойҷон 31 сол гузашт +тасвирҳо
26 ҳазор низомии Шуравӣ рӯзи 20 январи 1990 мардуми Бокуро, ки хоҳони истиқлол буданд ба хоку хун кашиданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садову Симои Эрон , мардуми ҷумҳурии Озарбойҷон рӯзи бистуми январро ба унвони намоди истиқлоли ин кишвар , гиромӣ доштанд.
Аз ин рӯз дар торихи Озарбойҷон ба унвони "январи хунин" ё "январи сиёҳ" (қора январ) ёд мешавад.
Дар 20 январи соли 1990, ки нишонаҳои фурӯпошии Шуравӣ намоён шуда буд , мардум дар Боку барои дастёбӣ ба истиқлол ба хиёбонҳо омаданд, ки наздик ба 26 ҳазор сарбози Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ барои саркуби онон вориди Боку шуд.
Неруҳои Шуравӣ дар ин рӯз 131 нафар аз мардуми ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз ҷумла занону кӯдаконро куштанду 744 нафарро низ захмӣ карданд.
Бештар бихонед:
- Ёде аз рӯзҳои ҳамбастагии мардуми мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон бо Эрон
-
Гузориши видеоӣ - Истиқболи мардуми Ҷумҳурии Озарбойҷон аз филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)”