Январ 23, 2021 17:52 Asia/Dushanbe
  • Пулиси Русия даҳҳо нафар аз тарафдорони Навалнийро, ки тазоҳурот карда буданд, боздошт кардааст
    Пулиси Русия даҳҳо нафар аз тарафдорони Навалнийро, ки тазоҳурот карда буданд, боздошт кардааст

Ба дунболи фарохони мухолифони давлати Русия барои эътироз ба боздошти Алексей Навалний, фаъоли сиёсии мухолифи давлат, даҳҳо нафар дар чандин шаҳри Русия тазоҳурот карданд.

Ба гузориши ИРНА, то баъд аз зуҳри рӯзи шанбе бештари эътирозот дар шаҳрҳои шарқии Русия баргузор шуда, ки дар он минтақа шаб фаро расидааст.

Дар шаҳри Якутск дар минтақаи Сибир беш аз 300 нафар дар сармои 50- дараҷаи сонтиград дар тазоҳуроти зиддидавлатӣ ширкат кардандува дар эътирозоти мушобеҳ дар шаҳри Хабаровск низ як ҳазор нафар ширкат доштанд, ки пулис даҳҳо нафарро дастгир кард.

Эътирозот дар чандин шаҳри шарқии Русия аз ҷумла Новосибирск, Юженосахалинск, Владивосток ва Камсамольск баргузор шуд ва садҳо нафар аз тарафдорони Навалний дар он ширкат карда ва хостори озодии вай шуданд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи телевизионии Р.Б.К бо гароиши мухолифи давлати Русия эълом кард, ки маъмурони пулиси Маскав аз субҳи рӯзи шанбе дар майдони Пушкин дар маркази Маскав тадобири шадиди амниятӣ ба кор гирифта ва монеъ аз баргузории иҷтимои эътирозӣ дар он мешаванд.

 

Навалний дардисари давлати Русия

Маъмурони амниятӣ Алексии Навалний, фаъоли мухолифи давлати Русияро ҳафтаи гузашта дар фурӯдгоҳи Маскав боздошт карданд ва ба ҳукми додгоҳ то таъини таклифи вай, як моҳ дар боздошт ба сар хоҳад бурд

Кумитаи пайгирии қазоии Русия ба тозагӣ Навалнийро ба ихтилоси калон муттаҳам кард, ки ин иттиҳом метавонад барои ӯ 10 сол ҳабсу як миллион рубл (ҳудуд 13 ҳазор доллар) ҷарима бабор оварад.

Навалний, яке аз аслитарин мунтақидони Путин, раисиҷумҳури Русия аст, ки рӯзи 20 августи 2020 дар бозгашт аз Сибир ба Маскав бемор ва пас аз фурӯди изтирории ҳавопаймо ба бемористоне дар шаҳри Томск мунтақил шуд.

Вай сипас ба як маркази дармонӣ дар Берлин интиқол ёфт, ҷое, ки пизишкон дар авоили моҳи ҷорӣ эълом карданд, нишонаҳое аз масмӯмияти вай бо модаи саммии новичок вуҷӯд дорад.

Русия даст доштан дар масмумияти Навалнийро ба шиддат рад кардааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

 

Барчасп